Шералӣ Кабир дар нишасти БРИКС иштирок мекунад

Нишасти БРИКС бо ширкати сарони давлатҳо аз 22 то 24 октябр дар Қазон баргузор мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт - Sputnik. Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон дар нишасти БРИКС, ки рӯзи 22 октябр дар Қазон ба фаъолият оғоз кард, иштирок мекунад.
Дар ин бора аз Вазорати саноат ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Манбаъ дақиқан нагуфт, ки кай Шералӣ Мирзо ба Қазон сафар мекунад, вале иштироки ӯро дар ин чорабинӣ тасдиқ кард.
Бояд гуфт, Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистонро низ ҳамтои русиягии ӯ Владимир Путин ба Қазон даъват карда буд, вале то ҳол ҳеҷ як ниҳоди давлатӣ иштироки президент дар ин чорабиниро ба мо таъйид накард.
Нишасти сарони БРИКС дар Қазон ҷараёни таърихро муайян хоҳад кард – Матвиенко
Нишасти БРИКС бо ширкати сарони давлатҳо аз 22 то 24 октябр дар Қазон баргузор мешавад.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки дар соли 2006 аз ҷониби Русия, Чин ва Ҳиндустон таъсис ёфт ва соли 2011 Бразилия низ ба он пайваст.
Русия аз 1 январи соли 2024 мақоми раиси ин созмонро бар ӯҳда дорад. Аз аввали соли 2024 Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ ба БРИКС пайвастанд.