Муҳиддин Музаффар: бо ду ҷоиза ба Тоҷикистон бармегардем - видео

Филми "Дов"-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи синамои "АвруОсиё" якбора ду ҷоиза ба даст овард
Sputnik
Дар болои колини сурхи Москва вохӯрии ходимони кинои мамлакатҳои гуногун барпо гардид.
"Евразия-Кинофест" беш аз 200 актёр, коргардон, наворбардор ва ҳар касеро, ки ба ин соҳа дилбастагӣ дорад, гирд овард.
Дар Тоҷикистон ду асари озмунӣ – филми пурраметражи Муҳиддин Музафар “Дов” ва филми кӯтоҳи Пайрав Шарифов “Сарчашма”-ро муаррифӣ карданд.
Филми Муҳиддин Музафар барои ростқавлии баёни воқеъбинона ва садоқат ба анъанаҳои синамои тоҷик дар бахши "тӯҳфаи ВАО" мукофотонида шуд.
Ҳамчунин ҳунарпешаи тоҷик Абдулмӯъмин Шарифӣ, ки дар ин филм нақши асосиро бозидааст, ҷоизаи Авруосиёро дар бахши беҳтарин бозигари мард ба даст овард.
Аз 17 то 21 октябр дар Маскав ҷашнвораи байналмилалии синамо "Евразия-Кинофест" баргузор шуд.