Ҷоизаҳо пайи ҳам: филми Муҳиддин Музаффар дар Маскав ду ҷоиза гирифт

Филми коргардони тоҷик дар бахши "Туҳфаи ВАО" ва "Беҳтарин нақши бозигар" ҷоиза дарёфт кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Иштироки коргардони тоҷик, Муҳиддин Музаффар дар Фестивалкинои "Авруосиё" бесамар набуд.
Филми "Дов"-и ӯ дар ин ҷашнвора соҳиби ду ҷоиза гардид, гузориш дод хабарнигори Sputnik Тоҷикистон.
Фестивали мазкур, ки рӯзи 17 октябр дар Маскав оғоз гардид, шоми 21 октябр анҷом ёфт ва беҳтарин филмҳо қадрдонӣ шуданд.
Тоҷикистонро дар ин ҷашнвора ду коргардон, яке Муҳиддин Музаффар бо филми "Дов" ва дигаре Пайрав Шарифов бо филми "Сарчашма" намояндагӣ карданд.
Зимнан, филми "Дов" дар бахши "Туҳфаи ВАО" ҷоиза гирифт ва ҳамзамон ҳунарпешаи тоҷик, Абдулмӯъмин Шарифӣ, ки дар ин филм нақш офарида буд, дар бахши "Беҳтарин нақши бозигар" сазовори ҷоиза гардид.
Филми тоҷикӣ, ки муштаракан бо Русия ва Эрон тавлид шуд, Шоҳҷоизаи "Тоҷи-Сомон" гирифт
Ҷоизаи Шарифиро низ ба Муҳиддин Музаффар супурданд.
Аснои гирифтани ҷоизаи дуюм коргардони тоҷик ба созмондиҳандагони ҷашнвора пешниҳод намуд, ки платформае бояд ташкил шавад, ки тамошои беҳтарин филмҳои фестивалро фароҳам орад.
Маврид ба зикр аст, ки ҳафтаи гузашта филми "Моҳи дар шаст" -и Муҳиддин Музаффар дар Душанбе соҳиби ҷоизаи "Тоҷи Сомон" гардид.
Филми мазкурро "Тоҷикфилм" ва "ДОВфилм" якҷоя бо ширкати русии "Амкарт" ва ширкати телевизионии эронии iffilm сохтаанд.
Қаҳрамони аслии филм Далери 10-сола хонандаи мактаб-интернат аст, ки барои мулоқот бо модараш тамоми Тоҷикистонро тай мекунад.