ДУШАНБЕ, 22 окт — Sputnik. Роҳҳои Душанбе қариб ҳамарӯза ба вақти субҳу шом, аниқтараш ба дарсу кор рафтан ва баргаштани мардум дар банди мошинҳо мемонад.
Дар робита ба ин, Вазорати нақлиёт сабаби рух додани тамбашавии нақлиёт дар роҳҳои Душанберо шарҳ дод.
Ин ниҳод сабаби асосии мушкилӣ дар роҳҳоро ба зиёд шудани шумораи воситаҳои нақлиёт рабт дод. Аз ҷумла зикр намуд, ки агар даҳ сол пеш дар кишвар ҳамагӣ 389 ҳазор мошин ба қайд гирифта шуда буд, ба ҳолати 1 марти соли 2024 ин рақам ба беш аз 666 ҳазор мошин расидааст.
Сабабҳои дигари дар банд мондани ҷодаҳои пойтахтро вазорат ба корҳои таъмиру сохтмон, муваққатан аз кор мондани чароғаки роҳнамо ва рух додани садамаҳои нақлиётӣ рабт дод.
Шояд бо бунёд шудани метро дар Душанбе ин мушкилӣ рафъ шавад. Ҳоло мақомот сари ин масъала ҷиддан фаъолият мебаранд.
Тарҳи метрои зерзаминӣ дар Душанбе аз сӯи мутахассисони вазорати нақлиёти Тоҷикистон, шаҳрдории Душанбе ва ширкатҳои куриёии "Deahan Consultants Co. Ltd" (муҳандисии замину нақб), "Dong Myeong Engineering Consultants & Architecture Co. Ltd" (муҳандисии структивӣ), "Asia Railway Technology" (системаи ситгнал ва алоқа), "Sejong Engineering Co. Ltd" (талаботу тақсимоти барқ) иҷро мешавад.
Тибқи иттилои вазорати нақлиёти Тоҷикистон, бино ба пешбиниҳо, сохтмони метро аз қаламрави Сирк, кӯчаҳои Неъмат Қарабоев ва Саъдии Шерозӣ шуруъ шуда, то бозори “Корвон” идома хоҳад кард ва баъд аз он ба ҷониби Корхонаи семент кашида хоҳад шуд, ки дар маҷмуъ марҳалаи аввали он 10,6 километрро ташкил хоҳад кард.