Дар Тоҷикистон ба таътили мактаббачагон тағйирот ворид шудааст.
Дар ин бора Вазорати маориф ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, ҳамакнун ба ҷои 10 рӯз хонандагон дар таътили дарпешистодаи тирамоҳӣ 7 рӯз истироҳат мекунанд.
Бар асоси иттилои вазорат, ҳамчунин таътили зимистона як ҳафта ва баҳорӣ панҷ рӯз муаян шудааст.
“Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2024 тартиб чунин муайян карда шудааст”, - афзуд котиби матбуоти вазорат.
Гуфта мешавад, ки то соли 2016 тартиб ҳамингуна буд, ки ҳамакнун дигарбора ҷорӣ шуд, аммо дар ин ниҳод сабаби бозгаштро шарҳ надоданд.
Зимнан, давомнокии соли хониши имсола беназардошти аттестатсияи ҷамъбастӣ 35 ҳафта, барои хонандагони синфи якум бошад 34 ҳафтаро дарбар мегирад.
Таътилҳои соли хониш ба рӯзҳои мазкур рост меоянд:
Таътили тирамоҳӣ: 7 рӯз (аз 1 ноябр то 7 ноябр);
Таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);
Таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)
Таътили зимистона: 7 рӯз (аз 1 январ то 7 январ);
Таътили баҳорӣ: 5 рӯз (аз 25 то 29 март)