Дар Душанбе иди бостонии Меҳргон бошукуҳ таҷлил шуд - видео

Дар Душанбе ҷашни бостонии ҳосили мардумии "Меҳргон" таҷлил шуд. Сокинону меҳмонони пойтахт барои боздиду харид аз неъматҳои сарзамин ҷамъ омаданд
Sputnik
Меҳргонро дар Тоҷикистон чун анъана бошукуҳ истиқбол гирифтанд. Меҳмонон ва сокинони маҳаллӣ аз суруду рақсҳо, тӯҳфаҳо ва намоишгоҳҳо дар ҳайрат монданд.
Ба муносибати ҷашни бостонӣ дар боғи ба номи Фирдавсӣ ярмаркаи калони ҳосили ҷамъовардашуда ва хӯрокҳои гуногун аз тамоми манотиқи Тоҷикистон баргузор шуд.
Дар ин рӯз ҷашнвораи занбӯрпарварон, намоишгоҳу фурӯши асал, ҷашни себу ангур, ҷашнвораи Оши палов, намоишгоҳи биринҷ ва озмуни ҷумҳуриявии фарҳанги меҳмондорӣ ва ороиши дастархон низ баргузор гардид.
Тоҷикистониён дар як рӯз 4 ҷашнро таҷлил кард
Қобили зикр аст, ки Меҳргон мисли ҷашни байналмилалии Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои тақвими кишоварзии эронзамин ба шумор меравад.
Тибқи таҳқиқоти илмӣ, таърихи он тақрибан 4 ҳазор сол пеш меравад. Бо қарори ҳукумати Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 ҷашни Меҳргон дар саросари кишвар расман таҷлил мешавад.