ДУШАНБЕ, 21 окт – Sputnik. Дар вилояти Суғд пулис як ҷавонзанро дастгир кард, ки талош дошт духтарчаи думоҳаашро бифурӯшад.
Дар ин бора Акбар Шариф, сухангӯи Раёсати ВКД дар вилоят зимни як гузориши видеоӣ хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, дастгиршуда, С.Т 26 сол дошта, мехост фарзандашро дар ҳудуди ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бар ивази 15 ҳазор долар бифурӯшад.
Мавсуф ҳангоми ба даст овардани маблағи пешакӣ мувофиқашуда аз ҷониби милитсияи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров боздошт шуд.
“Милитсия бо ташкили харидори сунъӣ навзодро аз иқдоми модар, ки метавонист ба ҳаёту саломатии минбаъдаи кӯдак тасир расонад пешгирӣ кард”,- афзудааст манбаъ.
Зимни бозпурсӣ дастгиршуда мегӯяд, к ибо ҳамсараш ҷудо шудаанд ва мехост аз пули фурӯши тифлаш хона бихарад.
Ӯ дар навор аз тафтишот хоҳиш менамояд, ки фарзандашро ба тарбияташ диҳанд, аммо ВКД мегӯяд алайҳаш бо иттиҳоми хариду фурӯши ноболиғ (модаи 167 КҶ) парвандаи ҷиноӣ боз шуда ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст.
Ҳамакнун бар асоси ин модда, занро аз панҷ то ҳашт сол ҷазои маҳрумият аз озодӣ интизор аст.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин ҳолати ошкорсозии қасди кӯдакфурӯшӣ аз ҷониби мақомот набуда, моҳи гузашта низ сокини дигари ноҳияи Ашт бо ҳамин иттиҳом дастгир шуда буд.
Он замон мақомот гуфтанд, зан мехост кӯдакашро бар ивази 15 ҳазор сомонӣ бифурӯшад.