ДУШАНБЕ, 20 окт — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон тоҷиконро бо фарорасии ҷашни Меҳргон — яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, самимона табрик намуд.
Дар матни табрикотие, ки котиботи президент нашр намуд, Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, ки Меҳргон дар таърихи мардуми фарҳангпарвари мо пас аз Наврӯз бузургтарин ҷашнест, ки таҷассумгари суннатҳои неки инсонӣ ва инъикоскунандаи заҳмати марди деҳқону дастархони мардум мебошад.
Ба таъкиди роҳбари давлат, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ мо имкони эҳё кардани ҷашнҳои бостониамон – Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргонро пайдо кардем.
"Меҳргон ифодагари фасли заррини тирамоҳ буда, ниёгонамон онро ҳамчун шукргузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати кишоварзон баргузор мекарданд",- афзудааст раисҷумҳур.
Меҳргон, пеш аз ҳама, ҷашни деҳқонон буда, айёми ҷамъ овардани ҳосили кишоварзиву боғдорӣ, рамзи баракату фаровонӣ ва файзи дастархони мардум ба ҳисоб меравад.
Дар идома, Эмомалӣ Раҳмон бо ишора ба шароити имрӯза захира намудани маҳсулоти озуқавориро масъалаи хеле муҳим хонд ва дигарбора таъкид кард, ки ҳар як оила барои на камтар аз ду сол бояд мавод захира кунад.
"Ин масъала бо дарназардошти торафт ноорому бесубот гардидани авзои сайёра, норасоии ғизо ва болоравии нархҳо солҳои охир боз ҳам муҳимму мубрам шуда истодааст",- таъкид кард кишвардор.
Вай афзуд, ки дар баробари кишоварзони мамлакат ҳар як оилае, ки дар ихтиёри худ замини наздиҳавлигӣ дорад, бояд бо истифодаи оқилонаи ҳар як ваҷаб замин ҳарчи бештар маҳсулот истеҳсол намояд.
Ӯ ба кишоварзон тавсия дод, ки бо олимон барои ҳосилнокии хубтар бештар кор кунанд ва анъанаи ба намоиш ва фурӯш гузоштани навъҳои беҳтарини маҳсулоти кишоварзӣ ва чорворо идома диҳанд.