Дар ИИАО имкон аст, бозорҳои ягонаи нафт, газ ва маҳсулоти нафтӣпайдо шавад

Созишномаҳо дар бораи бозорҳои умумӣ ба гузоштани заминаи устувори ҳамкорӣ, ҳифз ва афзун намудани иқтидори ҷамъшуда мусоидат мекунанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё метавонад бозорҳои муштараки нафту газ ва маҳсулоти нафтиро ташкил диҳад.
Ин мавзӯъ дар Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои ваколатдори бахши энержии Иттиҳоди Авруосиё баррасӣ шуд, хабар медиҳад Вазорати энергетикаи Русия.
“Тарафҳо масъалаҳои ҳамкорӣ дар доираи Аҳдномаи Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро, аз ҷумла, ҷанбаҳои мухталифи ташаккули минбаъдаи бозорҳои муштараки ИА барои газ, нафт ва маҳсулоти нафтиро баррасӣ карданд”, - омадааст дар хабар.
Иштирокчиёни ҷаласа мӯҳтавои гузоришҳоро дар бораи пешрафти ташаккули бозорҳои умумии энергетикӣ дар соли 2023 баррасӣ карданд.
“Созишномаҳо дар бораи бозорҳои умумӣ барои фароҳам овардани заминаи мустаҳкам барои ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика дар доираи иттиҳод, ҳифз ва афзун намудани иқтидори ҷамъшуда барои солҳо ва наслҳои оянда пешбинӣ шудаанд”, - гуфт вазири энергетикаи Русия Сергей Тсивилев.
СҲШ аз ҳамгироии ИИАО ва ташаббуси “Як камарбанд - як роҳ”-и Чин пуштибонӣ кард
Қаблан хабар дода шуда буд, ки дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиши тавлидоти саноатӣ мушоҳида мешавад.
Ҳамин тариқ, дар моҳҳои январ-августи соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии ИИАО 104,5% нисбат ба сатҳи моҳҳои январ-августи соли 2023-ро ташкил дод.
Кишварҳои узви созмон афзоиши бештарро дар соҳаҳои саноат, аз қабили истеҳсолот, таъминоти барқ, газ, гармӣ ва нишон доданд.