ДУШАНБЕ, 19 окт — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ба ҶСП “Фридом Бонк Тоҷикистон” барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва хориҷӣ иҷозатнома дод.
Дар ин бора дафтари матбуоти ин ниҳоди танзимкунандаи Тоҷикистон хабар додааст.
Гуфта мешавад, ки раиси БМТ Фирдавс Толибзода бо иҷрокунандаи вазифаи Раиси Раёсати ҶСП "Фридом Бонк Тоҷикистон" Даврон Нисинбоев мулоқот кард.
Ҷонибҳо имконоти васеъ намудани доираи фаъолияти бонк, ҷалби амонатҳо ва пасандозҳо, додани қарзҳо, ифтитоҳи воҳидҳои сохторӣ дар тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ, тавсеаи фаъолияти бонкӣ, аз ҷумла хизматрасониҳои рақамиро баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуоти танзимгар.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъот, Нисинбоев гуфт, “Фридом Бонки Тоҷикистон” барои ишғоли мавқеи муносиб дар бозори хидматрасонии бонкии ҷумҳурӣ тамоми имконот, пешниҳод ва тавсияҳоро ба инобат хоҳад гирифт.
ҶСП "Фридом Бонк Тоҷикистон" филиали ҶСК "Фридом Бонк Қазоқистон" мебошад. Ба гуфтаи ин ниҳод, феълан дар Тоҷикистон 14 бонки анъанавӣ ва як бонки исломӣ фаъолият доранд.
Раёсати Бонки "Фридом Бонк Қазоқистон" аз нияти густариши ҳамкорӣ бо Тоҷикистон моҳи сентябри соли 2023 эълон кард.
Бонки миллии Тоҷикистон баъдан изҳори умедворӣ кард, ки чунин ҳамкориҳо ба ҷалби сармояи Қазоқистон ба иқтисоди давлат мусоидат хоҳад кард.