ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Дар доираи Форуми байналмилалии "Хатлон Инвест" ва намоишгоҳи "Бохтар Фуд-2024" беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба маблағи зиёда аз 200 млн доллар ба имзо расид.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар дод.
Бар хабари манбаъ, ҳадаф аз баргузор кардани форум ва намоишгоҳ ин беҳтар кардани савдои минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ ва берун аз он мебошад.
"Форуми байналмилалии "Хатлон Инвест" ва Намоишгоҳи "Бохтар Фуд-2024" дар таъсиси равобити бозорӣ, рушди муколама байни бахши давлатию хусусӣ ва ҷалби сармоягузорӣ ба мамлакат нақши муҳим мебозанд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Зикр гардид, ки дар форум зиёда аз 400 нафар, аз ҷумла истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз вилояти Хатлон, намояндагони мақомоти давлатӣ ва харидорон аз Русия, Эрон, Қазоқистон, Узбекистон, Афғонистон, Покистон, Британияи Кабир ва Озарбойҷон иштирок намуданд.
Қаблан дар доираи ин форум ба соҳибкорзанони Хатлон аз ҷониби раиси вилоят грант тақдим гардид.
Грант ба маблағи умумии 500 ҳазор сомониро 30 тан аз бонувони соҳибкор дарёфт карданд.
Дар ин вилоят беш аз 31 ҳазор зан машғул ба соҳибкорӣ буда, ҳамзамон расман фаъолияти инфиродиро рушд медиҳанд.
Аз ин миён 19 ҳазори онҳо роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ буда, истеҳсолкунандагони маҳсулоти содиротии кишоварзӣ мебошанд.