ДУШАНБЕ, 18 окт — Sputnik. Сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расониданд.
Ҳамин тариқ, дар паи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ тасмим дар бораи буҷаи Созмони ҳамкориҳои Шанхай барои соли 2025 ба тасвиб расид.
Тибқи ин санад, Тоҷикистон бояд 6 дарсади маблағи умумӣ саҳм гузорад.
Русия ва Чин бештар ба буҷет пардохт мекунанд – ҳар кадом 17,6%. Қазоқистон дар ҷои сеюм – 15,2%.
Ба буҷаи СҲШ кишварҳо чӣ қадар пул медиҳанд?
© Sputnik
Ҳамчунин қарорҳо дар бораи ҳисоботи молиявии СҲШ оид ба иҷрои буҷети соли 2023 ва баёнияи муштарак дар паи ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай ба имзо расидаанд.
Рӯзи чаҳоршанбеи 16 октябр дар Исломобод ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ нахуствазирони Русия, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон ва Узбакистон ва муовини аввали раиси ҷумҳури Эрон ва намояндаи баландпояи Ҳинд ширкат доштанд.