ДУШАНБЕ, 17 окт — Sputnik. Давоми 9 моҳи соли равон ҳаҷми гардиши савдои хориҷии вилоят ба 2,2 млрд доллар расид.
Дар ин бора зимни ҷамъбасти натиҷаи фаъолияти иҷтимоиву иҷтисодии Суғд бо ҳузури раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода гуфта шуд.
Таъкид гардид, ки гардиши савдои хориҷӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 111,4% афзудааст.
Зимнан, дар ҷаласа саҳми содироту воридоти мол дар нуҳ моҳи соли равон низ шарҳ дода шуд.
Зикр гардид, ки ҳаҷми воридот 1,6 млрд долларро ташкил дода, содироти маҳсулот аз вилоят дар ин давра ба 660,5 млн. доллар расонида шуда, суръати афзоиш 115,9% таъмин гардидааст.
Даврон Зоҳидзода, муовини роҳбари Суғд таъкид намуд, ки ба иқтисодиёти вилоят ба маблағи 109,3 млн доллар сармоягузории ватанию хориҷӣ ҷалб гардид.
“Ба маблағи 86,5 млн. доллар сармояи хориҷӣ ва ба маблағи 22,8 млн. доллар сармояи ватанӣ ба соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти вилоят равона карда шудааст”, - тавзеҳ дод муовини роҳбари вилоят.
Қаблан, раиси вилояти Суғд дар нишасти хабарӣ гуфт, ки вилоят бо 60 мамолики дуру наздик муносибати савдои хориҷӣ дорад.
Ба таъкиди ӯ, Қазоқистону Русия кишварҳои раддаи аввали воридкунандаи асосии мол ба шимоли Тоҷикистон маҳсуб мешаванд.