ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, роҳбари давлат, ки се рӯз қабл аз сафари ВМКБ ба пойтахт баргашт, субҳи 17 октябр ба Турсунзода ташриф овард.
Дар ин бора дафтари матбуоти роҳбари давлат хабар дод ва зикр намуд, ки Эмомалӣ Раҳмонро Рустами Эмомалӣ, раиси пойтахт ва ҳамзамон раиси МММО Тоҷикистон ҳамроҳӣ намуд.
Нахуст дар шаҳри Турсунзода бинои КДАМ аз сӯи президент ифтитоҳ шуд.
Пас аз ин дар назди Литсей-интернати шаҳр як қатор иншоотҳо, аз ҷумла бинои иловагии таълимӣ, хобгоҳ, китобхона, майдони варзишӣ, меҳмонхона, маҷлисгоҳ, ошхона ва бунгоҳи тиббӣ ба истифода дода шуданд.
Зикр гардид, ки бинои таълимӣ аз 8 синфхона иборат буда, барои 240 хонанда пешбинӣ шудааст.
Хобгоҳ аз 48 ҳуҷра иборат буда, 400 рахти хобро дорад ва он барои хонандагоне, ки аз Ҳисору Шаҳринав омада таҳсил мекунанд пешбинӣ шудааст.
Манбаъ афзуд, ки роҳбари давлат ба шарту шароити литсей-интернат баҳои баланд дод.
Президент аз дохили литсей ба таври маҷозӣ боз 4 мактаб ва 2 боғчаро ба истифода дод.
Мактабҳои нав дар деҳоти Қаратоғ,барои 384 хонанда, деҳаи Неъматбача барои 240 хонанда, деҳаи Меҳргон барои 450 толибилм, деҳаи “Шодиёна” барои 1000 хонанда кушода шуданд.
Ҳамчунин дар кӯчаи Охун Бобоев ва деҳаи Иттифоқи деҳоти Регар ду муассисаи томактабӣ барои ҷамъан 380 кӯдак ифтитоҳ гардид.
Бояд зикр намуд. ки сафари роҳбари давлат дар Турсунзода идома дорад ва боз ифтитоҳи чандин иншооти дигар дар назар аст.