Чаро ҳосили нав нархи биринҷро арзон накард? - шарҳи шолипарварон

Ҳоло мавсими дарави шолӣ шурӯъ шудааст, вале нархи биринҷ назар ба ҳар вақти дигар баланд аст. Сабабшро хабарнигори Sputnik Тоҷикистон аз шолипарварон пурсид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 17 окт – Sputnik. Шолипарварон дар вилояти Суғд, сабабҳои тағйир наёфтани нарх ва мушкили пешомада дар кору борашонро баён намуданд.
Аюб Рауфов, яке аз шолипарварони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки соли ҷорӣ гармо (саратон) и тобистон ба ниҳоли шолӣ таъсири шадид расондааст. Бино ба мушоҳидаи вай ҳамин омил, боиси коҳишёбии ҳосили нав шудааст.
“Аз замони чиллаи тобистон ниҳоли шолӣ зард шуду дуруст қад накашид. Ҳоло дарави 1 га замин, 4 бункир шолӣ (биринҷи сафеднашуда) ҳосил додаистодааст. Солҳои пеш то 5 - 6 бункир шолӣ мегирифтем” – изҳор намуд, шолипарвар.
Деҳқонони шоликор дар ноҳияҳои Ашту Ҷаббор Расулов ва шаҳрҳои Исфараву Конибодом ва Панҷакент низ дар бораи коҳишёбии ҳосил мегуянд.
Бино ба мушоҳидаи Sputnik Тоҷикистон ҳоло арзиши ҳар кило шолӣ (биринҷи ҳанӯз савед нашуда) дар бозорҳои яклухтфурӯшии Суғд 8 – 9 сомонӣ аст, чизе, соли гузашта ҳамин шабурӯзҳо то 6 - 7 сомонӣ харидан имкон дошт.
Арзиши биринҷ дар бозорҳои шаҳру навоҳии Суғд алҳол 16 -18 сомонӣ аст, ин нарх дар муқоиса ба моҳҳои май ва июл замони камбуди биринҷ поён нашуда балки то 2 сомонӣ баланд гуфта мешавад.
Вилояти Суғд чӣ мекорад?
Бино ба маълуоти Идораи кишоварзии Суғд, соли ҷорӣ ҳамаи шаклҳои хоҷагидории вилояти Суғд дар майдони беш аз 9, 6 ҳазор га кишти шолӣ гузаронидаанд, ки дар муқоиса ба соли қаблӣ ҳудуди 1 ҳазор га зиёд аст.
Соли гузашта аз майдони 8, 6 ҳазор га беш аз 55 ҳазор тон биринҷ ба даст оварда шуда буд. Аммо тавре шолипарварон мегуянд, мушкили тағйирёбии иқлим имсол ба кори онҳо таъсири амиқ расонида боиси коҳишёбии ҳосил шудааст.
Зимнан дар ошхонаҳои Тоҷикистон оши палав вобаста ба навъи биринҷ: кенҷа ва девзира 17 - 20 - 25 сомонӣ фурӯхта мешавад, ки дар муқоиса ба солҳои қаблӣ аз 2 то 5 сомонӣ баланд шудааст.