Амалиёти вижаи Русия барои ҳимояи Донбасс: охирин хабарҳо

Русия минтақаи дигар дар Луганскро озод кард - видео

Вазорати дифои Русия видеро нашр кард, ки озодшавии деҳаи Невски Ҷумҳурии мардумии Луганск аз сӯи низомиёни гурӯҳи "Ғарб" нишон дода мешавад
Sputnik
Раёсати низомии Русия дар гузориши ҳаррӯзаи худ дар бораи озод кардани ду маҳаллаи дар як вақт хабар дод. Ин маҳаллаҳои Невск дар ҶМЛ ва Красний Яр дар ҶМД мебошанд.
Вазорати дифоъ видеоеро нашр кард, ки тавассути ҳавопаймоҳои бесарнишин дар рустои Невское пас аз озодкунии ин русто аз сӯи нерӯҳои Русия сабт шудааст.
Дар видео нишон медиҳанд, ки низомиён дар чанд бом парчами Русияро насб кардаанд.
Эълони талафоти шабонарӯзии Украина дар минтақаи амалиёти вижа
Дар навор ҳамчунин харобиҳо дар маҳаллаи аҳолинишин дида мешавад - бомҳо ва деворҳо дар бисёре аз хонаҳо фурӯ рафтаанд.
Деҳаи Невское дар ноҳияи Кременский ҶМЛ 25 километр шимолтар аз Лиман ва 30 километр ҷанубтар аз Сватово ҷойгир аст. Чанд километр шимолтар аз Невский деҳаи Макеевка воқеъ аст, ки рӯзи 29 сентябр Вазорати дифоъ аз озод кардани он хабар дод.