ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар Покистон вохӯрии сарони ҳукуматҳои кишварҳои Созмони Ҳамкории Шанхай (СҲШ) баргузор мегардад. Ин вохӯрӣ рӯзҳои 15-16 октябр сурат мегирад.
Интизор меравад, дар чорабинӣ нахуствазирони Тоҷикистон, Русия, Белорус, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон, Покистон ва Ӯзбекистон иштирок мекунанд. Ҳамчунин, муовини аввали раисиҷумҳурӣ Эрон ва намояндаи олии Ҳиндустон низ ҳузур хоҳанд дошт.
Гуфта мешавад, сарони ҳукуматҳои кишварҳои СҲШ вазифаҳои аввалиндараҷаи тавсеаи ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарии СҲШ-ро баррасӣ хоҳанд кард.
Аз ҷумла, сиёсатмадорон рушди ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодиро дар заминаи таҷдиди ҳамаҷонибаи фаъолияти СҲШ мутобиқи воқеиятҳои нави геополитикӣ баррасӣ хоҳанд кард. Равишҳои ҳамоҳангшуда барои ҳалли мушкилоти СҲШ дар иқтисоди ҷаҳонӣ дар Баёнияи ниҳоии муштарак сабт хоҳанд шуд.
Ҳамчунин, сарони ҳукуматҳо буҷет, ҷадвали штатии котибот ва кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии СҲШ, ки бо дарназардошти қабули Беларус нав карда шудаанд тасдиқ хоҳанд кард.
Созмони Ҳамкориҳои Шанхай (СҲШ) як созмони байнулмилалии доимии байниҳукуматӣ аст, ки аз ҷониби раҳбарони Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Чин, Қирғизистон ва Ӯзбекистон таъсис ёфтааст.
Соли 2017 Ҳиндустону Покистон ба узвияти СҲШ, соли 2023 Эрон ва соли 2024 Беларус пазируфта шуданд.