Конибодом нақшаи ҷамъоварии пахтаро барзиёд иҷро кард

Ҳамарӯза чинакчиён дар Конибодом ба ҳисоби миёна то 130 кило пахта ба хирман месупоранд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Дар шаҳри Конибодом ғункунии пахта идома дорад.

Ба маълумоти мақомоти шаҳр, чинакчиён аллакай 910 тон пахта ҷамъ оварданд, ки ин 101,3 %-и нақшаро ташкил медиҳад. Аз аввал интизор буд, ки аз майдони 320 га пахтаи кошташуда 900 тон ҳосил меғундоранд.
Манбаъ афзуд, ки ҷамъоварии пахта идома ёфта, ҳамарӯза чинакчиён то 130 кг пахтаро ҷамъ оварда ба хирман месупорнд.
"Дар ҷамъоварии пахтаи бистрӯза ҷамоати деҳоти Пӯлодони шаҳри Конибодом ғолиб дониста шуд", - омадааст дар хабари манбаъ.
Қаблан бо қарори раиси вилояти Суд бо мақсади сари вақт ва беталаф ҷамъ овардани ҳосили пахта Ситоди вилоятии "Ҳосил-2024" таъсис дода шуд.
Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард
Тибқи ин қарор раисони шаҳру ноҳияҳо вазифадор шудаанд, ки корҳои омодагии хоҷагиҳои пахтакорро ба мавсими имсола баррасӣ ва бошишгоҳҳои саҳроиро омода намоянд.
Ҳамчунин раиси вилояти Суғд сарраёсати кишоварзии вилоятро вазифадор кардааст, ки барои ҳавасманд гардонидани пахтакорон дар давраи ҳосилғундорӣ мусобиқаи меҳнатӣ ташкил намояд.
Раҷаббой Аҳмадзода супорилш додааст, ки ғолибон бо туҳфаҳо сарфароз гардонида шаванд.