Соли гузашта нуриҳо имсол об: кишоварзони Суғд мушкили парвариши пахтаро шарҳ доданд

Пунбапарварон дар шимоли Тоҷикистон мегӯянд, солҳои охир бо таъсири чанд омил “тиллои сафед” барояшон ба як зироати камсуд боқӣ мондааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт – Sputnik. Кишоварзони Суғд мегӯянд, баландшавии нархи об (полезӣ) боис гардидааст, ки соли ҷорӣ аз пахтакорӣ дуруст даромад гирифта наметавонанд.
Зимнан дар шаҳру навоҳии Суғд мавсими ғунучини “тиллои сафед” ҷараён дорад, аммо деҳқонон аз поёнравии нархи пахта изҳори ташвиш мекунанд.
Шараф Ҳоҷибоев, яке аз пахтапарварон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, ҳоло коргоҳҳои ҳудуди ноҳия як кило пахтаро 8 сомонӣ қабул мекунанд, нархе, ки назар ба соли қаблӣ қариб, ки фарқ надорад.
“Ҳоло ҳар килои пахтаи чидашударо 7 – 8 сомонӣ қабул кардаистодаанд, давраи чиниши дуюм ва сеюм ин нарх боз поён мешавад. Соли қаблӣ нархи чини давраи аввал пахта 6 – 7 ва баъдтар ба 4 – 5 сомонӣ поён рафта буд” – гуфт, деҳқони пахтапарвар.
Деҳқонон зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон дар бораи мушкили мавҷудаашон изҳор намуданд. Онҳо мегуянд, соли ҷорӣ дар баробари заҳмати зиёди кори пахтапарварӣ, болоравии пардохти маблағи об (полезӣ) ба ҷайби бе ин ҳам хароби онҳо зарба задааст.

Нурӣ арзон шуду об қимат

Солибой Раҳимов, аз деҳқони пунбапарвар дар ноҳияи Ҷаббор Расулов мегуяд, солҳои охир омилҳои зиёд ба кору фаъолияти онҳо таъсири амиқи иқтисодӣ мерасонанд.
Ӯ мегуяд, ташвиши баландравии қимати нурии минералӣ хатм шуд, аммо нархи об боз як мушкили дигар онҳоро ба ташвиш овардааст.
"Соли гузашта нархи ҳар 50 кило нуриҳои минерӣ аз ҷумла селитра, мочевина (карбамид) ва аммофос то ба 500 – 700 сомонӣ дакка зада буд. Имсол ин навъи нуриҳо аз ширкат “Азот” Вахш ворид шуд ва бо нархи то 210 сомонӣ. Аммо соли ҷорӣ нархи оби полези 150% баланд шуд ва ба ҷойи 3 ҳазор сомонии пештара, имсол 9 ҳазор сомонӣ пардохт кардем. Нархи пахта ҳамоно 7 – 8 сомонӣ қариб, ки бетағйир пас мо чи гуна фоида ба даст орем?” – иброз намуд, пахтапарвар.
Ҳукумати Суғд барои сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ пахта ситоди вилоятӣ ташкил кард
Масъулони идораи об дар вилояти Суғд оғози соли ҷорӣ сабаби якбора 150% баланд шудани нархи хизматрасонии обро ба баландшавии нархи нерӯи барқ шарҳ доданд.
Шурӯъ аз моҳи январи соли 2024 қимати ҳар 1 куб метри оби полезӣ 5 дирам муқаррар шудаааст. То соли ҷорӣ нархи оби полезӣ 2 дирам буд.
Тавре аз Идораи кишоварзии Суғд ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ доданд, соли ҷорӣ дар ҳудуди шаҳру навоҳии ин вилоят дар майдони 52,3 ҳазор га пахта кишт шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба соли қаблӣ 7, 3 ҳазор га зиёд гуфта мешавад.
Масъулони ҳукумати вилояти Суғд соли ҷорӣ тибқи нақша руёнидани беш аз 130 ҳазор тон пахта аз ин майдонро интизор доранд. Аммо пунбапарварон суғдӣ аз як су гароншавии нархи об ва аз ҷониби дигар то ба 18 - 20 сентнер коҳишёбии ҳосил, қимати “тиллои сафед” -ро барои онҳо ночиз гардонидааст.