Мақомоти Хатлон гуфт ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ чӣ қадар кумакпулӣ расонида шуд

Дар баробари ҳукумати Тоҷикистон, соҳибкорон низ барои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар вилояти Хатлон кумакпулӣ расониданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон ба 41739 оилаи камбизоат ба маблағи 25,6 млн сомонӣ кумаки яквақтаина пардохт карда шудааст.
Дар ин бора дафтари матбуоти раиси вилояти Хатлон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, ин иқдом аз ҷониби ҳукумат идома дорад.
Мақомоти вилояти Хатлон қайд кардааст, ки дар арафаи таҷлили идҳои миллию сиёсӣ бо ҷалби мақомоти вилоят ва шаҳру ноҳияҳо, ташкилоту муассисаҳо, соҳибкорону шахсони саховатпеша, иттиҳодияҳои динӣ ба маъюбону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ятимон, ниёзмандон, оилаҳои камбизоат ва шахсони яккаву танҳо дар 9 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 68,9 миллион сомонӣ кумакҳои моддию молиявӣ расонида шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ба ҳолати аввали май дар Тоҷикистон 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 - 1945 дар қайди ҳаётанд. Тоҷикистон тайи як соли охир боз 13 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватаниро аз даст дода, феълан дар бархе манотиқ, аз ҷумла ВМКБ ягон куҳансарбоз нест.
Ҳаҷми нафақаи куҳансарбози Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Хатлон маълум шуд
"Айни ҳол дар вилояти Хатлон - 10 куҳансарбоз, дар Суғд - 6, дар Душанбе - 3 дар шаҳру навоҳии тобеи ҷумҳурӣ 5 куҳансарбоз иқомат доранд", - иттилоъ дода буд Шӯрои собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ.

Дар ҳамин давраи соли гузашта дар Тоҷикистон 37 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаёт буданд.