ДУШАНБЕ, 15 окт — Sputnik. Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил ва вазири дифоъ Йоав Галант масъалаи посух ба ҳамлаи Эронро баррасӣ карданд.
Ба иттилои телевизиони давлатии Kan, дар машварат ҳамчунин вазирони дигар ҳузур доштанд ва масъалаи шева ва замони ҳамлаи ҷавобӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Зикр гардид, ки барои муайян кардани усул ва замони ҳамла иҷозаи ниҳоии девони вазирон лозим аст.
"Дар машваратҳои амниятӣ бо сарвазир Бенямин Нетаняҳу, вазири дифоъ Йоав Галант ва вазирони дигар, тавофуқоти комил дар бораи ҷараёни амалиёт алайҳи Эрон ба даст омад... замон ва қувваи вокуниш... Аммо, амалиёт танҳо дар сурати тасдиқи ниҳоии девони вазирон имконпазир аст", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Дар ҳамин ҳол, Эрон чанде пеш изҳор дошт, ки дар сурати муқовимати мустақим бо Исроил чанд сенарияи амал таҳия кардааст.
Зимнан, як манбаъ дар Нерӯҳои мусаллаҳи Эрон ба хабаргузории "Тасним" гуфтааст, ки артиши Эрон ба амалҳои эҳтимолии Исроил комилан омода аст.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 1 октябр Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон дар чаҳорчӯби амалиёти "Ваъдаи воқеии 2" ба сӯи Исроил миқдори зиёди мушакҳоро партоб кард.
Артиши исроилӣ гуфтааст, ки ба ин ҳамла дар сурати муносиб посух хоҳад дод.
Хабаргузории эронии "Форс" бо такя ба манобеъи худ хабар дод, ки дар ҷараёни зарбаи мушакӣ Эрон ба аксари ҳадафҳои пешбинишуда дар Исроил зарба зад.
Қаблан рӯзномаи The Washington Post қаблан гузориш дода буд, ки дастикам 20 мушаки дурпарвози Эрон рӯзи сешанбе ба системаҳои дифоъи ҳавоии Исроил ва муттаҳидонаш убур карда, дастикам се пойгоҳи низомӣ ва истихборотии Исроил, аз ҷумла Неватим ва Тел Нофро ҳадаф қарор доданд.
Нерӯҳои дифои Исроил баъдан эътироф карданд, ки чанд мушаки Эрон ба пойгоҳҳои ҳавоии Неватим ва Тел Ноф зада шудааст.