Президент вазъи қочоқи маводи мухаддир дар ВМКБ-ро ташвишовар хонд

Раисҷумҳури Тоҷикистон ахиран аз сохторҳои ҳифзи сарҳад ва умуман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хост барои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир тадбирҳои иловагӣ андешанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ВМКБ таъкид кард, ки вазъи қочоқи маводи мухаддир дар ҳудуди вилоят то ба ҳол ташвишовар боқӣ мондааст.
Вай гуфт, тайи солҳои 2021 – 2023 ва ҳашт моҳи соли 2024 аз ҷинояткорон беш аз 929 килограмм маводи мухаддир мусодира карда шудааст.
Раисҷумҳур илова кард, ки бо дарназардошти он ки хатти сарҳади давлатӣ дар ҳудуди вилоят аз минтақаҳои душворгузари кӯҳӣ ва дигар мавзеъҳои ба мушкилӣ назоратшаванда мегузарад, вақтҳои охир иловатан 33 дидбонгоҳи сарҳадӣ таъсис дода шуд, ки боиси беҳтар шудани назорат гардид.
“Мустаҳкам намудани сарҳади давлатӣ дар солҳои оянда низ зери назорати доимии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, дар тамоми хатти сарҳади давлатӣ бунёди иншооти муҳандисӣ ва насби таҷҳизоти муосири назорати шабонарӯзии сарҳад идома меёбад”, - гуфт раҳбари кишвар.
Ҳамзамон раисҷумҳур зикр кард, ки то имрӯз зиёда аз 30 километр хатти сарҳади давлатӣ бо симтӯру симхор ва камераҳои назоратӣ таъмин гардида, то охири соли равон зиёда аз 50 километр хатти сарҳад пурра бо чунин таҷҳизоти муҳофизатӣ муҷаҳҳаз гардонида мешавад.
Шомилшавии сокинони Ванҷ ба гурӯҳҳои террорристӣ Раҳмонро нигарон кардааст
“Бо вуҷуди ин, сохторҳои ҳифзи сарҳад ва умуман, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро зарур аст, ки доир ба таҳкими боз ҳам бештари сарҳади давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, қочоқи маводи мухаддир, хусусан, пешгирӣ кардани ҷиноятҳои террористиву экстремистӣ тадбирҳои иловагӣ андешанд”, - қайд кард Эмомалӣ Раҳмон.
Инчунин раҳбари кишвар роҳбарону масъулони шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳои деҳот, маҳаллаҳо ва фаъолон бояд бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқро ба ҳамкории бештар даъват кард.
Ёдовар мешавем, ки ахиран Оҷонси мубориза бо маводи мухаддир дар Тоҷикистон хабар дод, ки муомилоти ғайриқонунӣ маводи нашъаовар ба таври қобили мулоҳиза афзудааст.
Ба иттилои ин ниҳод дар шаш моҳи соли ҷорӣ беш аз 3 тоннаву 95 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки нисбати ба ҳамин давраи соли 2023 25% ва ё 619 кг бештар аст.
Оҷонсӣ хабар дод, ки бештари маводи мухаддир дар ҳудуди вилояти Хатлон, навоҳии ҳаммарз бо Афғонистон мусодира шудааст.
Дар умум дар ин минтақа дар шаш моҳ 1 тоннаву 381 кило маводи мухаддир мусодира шуд, ки 44,6% мусодираи сатҳи ҷумҳуриро ташкил медиҳад.