Караганов ҳамлаи Исроил ба Лубнонро бо надоштани силоҳи ҳастаии Эрон рабт дод

Коршинос бар ин назар аст, ки Эрон ҳақ дорад, ки силоҳи ҳастаӣ дошта бошад, зеро дар амал кишварҳое, ки онро надоранд, ҳадафи таҷовуз мешаванд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 окт — Sputnik. Агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, Исроил дар Фаластин наслкушӣ намекард ва ба Лубнон ҳамла намекард.
Дар ин бора ба РИА "Новости" директори илмии факултети иқтисоди ҷаҳонӣ ва сиёсати ҷаҳонии Донишгоҳи Миллии Тадқиқотӣ дар Мактаби олии иқтисоди Русия Сергей Караганов хабар дод.
"Агар Эрон силоҳи ҳастаӣ медошт, Исроил наслкушӣ дар Фаластинро намекард ва ҳоло ҳам кӯшиши наслкушӣ дар Лубнон намекард. Чизи дигар он, ки ман зидди истифодаи яроқи ядроӣ ҳастам. Аммо Эрон ҳақ дорад, ки онро дошта бошад, зеро мо дидем, ки кишварҳое, ки силоҳи ҳастаӣ надоранд, ҳадафи таҷовуз мешаванд”, - гуфт Караганов.
Вай таъкид кард, ки на ҳама кишварҳо бояд ин гуна силоҳро гиранд, онҳо бояд "элитаи ҷиддӣ ва иқтидори ҷиддии технологӣ" дошта бошанд ва баъзе кишварҳо, аз қабили Ҷопон ва Олмон, ки дар генотсиди миллионҳо одамон дар назди ҷаҳон гунаҳкоранд, наметавонанд даъвои ҳуқуқи ба даст овардани яроқи ядроиро дошта бошанд.
Қаблан гурӯҳи 39-нафараи вакилони порлумони Эрон бо дархости бознигарии доктринаи дифоии ин кишвар, бахусус иҷозаи эҷоди силоҳи ҳастаӣ ба далели таҳдиди ҳамлаи Исроил ба Шӯрои олии амнияти миллии Ҷумҳурии Исломӣ муроҷиат карда буданд.
Пентагон мегӯяд, ИМА барои боздоштани Эрон ба Исроил кумак мекунад
Исроил аз 1 октябри соли ҷорӣ алайҳи нирӯҳои "Ҳизбуллоҳ" дар ҷануби Лубнон амалиёти заминӣ анҷом дода, бомбборони ҳавоии кишвари ҳамсояро идома медиҳад, ки дар он аллакай беш аз 2,3 ҳазор нафар, аз ҷумла раҳбарони ҷунбиши шиъаён кушта ва беш аз як миллион нафар гуреза шудаанд.
Бо вуҷуди талафот, аз ҷумла дар ҳайати фармондеҳӣ, "Ҳизбуллоҳ" набардҳои заминӣ мебарад ва ҳамлаҳои мушакӣ ба қаламрави Исроилро қатъ намекунад.