ВКХ Русия: БРИКС иттифоқи низомӣ нахоҳад шуд

Вазорати корҳои хориҷаи Русия таъкид кард, ки дар миёни пояҳои калидии иттиҳод, ки бар он талош дорад, ҷузъи низомӣ вуҷуд надорад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Созмони БРИКС ҳеҷ гоҳ иттиҳоди низомӣ набуд ва нияти гирифтани ин мақомро надорад.
Дар ин бора вазорати корҳои хориҷии Русия хабар дод.
"БРИКС ҳеҷ гоҳ як иттиҳоди низомӣ набуд, нест ва шуданӣ ҳам нест. Гузашта аз ин, БРИКС ҳатто як созмони байналмилалӣ ё сохтори ҳамгироӣ нест, балки як иттиҳодияи байнидавлатии бо иштирокчиёни баробарҳуқуқ аст",- омадааст дар гузориши вазорат.
Ин ниҳод ёдовар шуд, ки БРИКС як шарикии бисёрсоҳаи стратегӣ аст, ки бар се ҷузъи асосӣ - сиёсат ва амният, молия ва иқтисод, робитаҳои башардӯстона ва фарҳанг асос ёфтааст.
Ҳамзамон, муносибатҳои шарикон дар асоси эҳтироми мутақобила ва баробарҳуқуқӣ, ошкорбаёнӣ, ҳамбастагӣ ва прагматизм бунёд мешаванд. Ҳамаи ин дар ҳуҷҷатҳои БРИКС инъикос ёфтааст.
Яке аз ҳадафҳои асосии иттиҳодия ташкили системаи бисёрҷониба ва одилонаи иқтисодии ҷаҳонӣ мебошад.
Лавров: БРИКС барои эҷоди як платформаи пардохтҳо бо пули миллӣ фаъолона кор мекунад
Вазорати корҳои хориҷии Русия таъкид кард, ки БРИКС ҷонибдори усулҳои осоиштаи ҳалли баҳсҳо ва ҳатто аз нигоҳи назариявӣ дар як саф гузоштани иттиҳодия бо блоки низомии НАТО, ки дар тӯли муддати тӯлонии мавҷудияти худ танҳо барои халалдор кардани амният дар минтақаҳои гуногун сари забонҳо шудааст, хандаовар аст.
БРИКС як иттиҳодияи байнидавлатӣ аст, ки соли 2006 таъсис ёфтааст. Ба он Русия, Бразилия, Ҳиндустон, Чин, Африқои Ҷанубӣ, Миср, Эфиопия, Эрон, АМА ва Арабистони Саудӣ шомиланд.
Нишасти навбатии БРИКС бо ширкати сарони давлатҳо аз 22 то 24 октябри соли ҷорӣ дар Қазон баргузор мешавад.