Дар Тоҷикистон ҳосили ангур фаровон шудааст: нархаш чӣ?

То санаи 1 август 495 гектар боғу 25,8 гектар токзор бунёд карда шуда, ҳамзамон 219 гектар боғ ва 32,5 гектар токзор барқарор карда шудаанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. То 4 октябр дар Тоҷикистон қариб 341 ҳазор тонна мева ҷамъоварӣ шудааст, ки 92,5 ҳазор тоннаашро ангур ташкил медиҳад.
Дар ин бора аз Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ хабар доданд.
Гуфта мешавад, ки дар кишвар майдони боғу токзор 206,5 ҳазор гектарро ташкил медиҳад, ки 39,9 ҳазор гектарашро токзорҳо ташкил медиҳанд.
Чунончи, то 1 август 495 гектар боғу 25,8 гектар токзор бунёд ва 219 гектар боғ ва 32,5 гектар токзор барқарор карда шуданд.
Дар Тоҷикистон ҳарчанд аз ҳосили фаровони ангур гузориш медиҳанд, аммо сокинон мегӯянд нархаш ҳамоно гарон аст.
Ҳоло дар бозорҳои кишвар қимати як кило ангур 6-8-10 сомонӣ ва аз ин ҳам болотар гуфта мешавад.
Ҳосил фаровону нарх баланд: ангурпарварони Суғд сабабашро гуфтанд
Аммо деҳқонон бар ин назаранд, ки баландшавии нархи оби полезӣ ва пардохти андози замини кишоварзӣ ба нархи ангур ва дигар намуд молу маҳсулоти кишоварзӣ таъсири ҷиддӣ расонидааст.
Ёдовар мешавем, ки 30 сентябр таҳти раёсати раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии ҳукумати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ки дар он “Барномаи рушди боғдорӣ, токпарварӣ ва ситруспарварӣ дар Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” қабул гардид.
Ин барнома ба рушди боғу токпарварӣ ва таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ва ашёи хом, афзоиши иқтидори содиротӣ ва коҳиш додани вобастагии бозори озуқа аз маҳсулоти воридотӣ равона шудааст.