ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода ба ҳамтои русаш Татяна Москалькова дар бораи ҳуқуқи муҳоҷирони корӣ аз ин кишвари Осиёи Марказӣ дар Русия муроҷиат кардааст.
Дар ин бора дар як санади расмӣ, ки дар сомонаи расмии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен)-и Тоҷикистон нашр шудааст, иттилоъ дода мешавад.
Ба гуфтаи ӯ, аз расонаҳо ва шабакаҳои иҷтимоӣ маълум шуд, ки ҳоло Федератсияи Русия қонунӣ будани асноди муҳоҷирони кориро тафтиш мекунад, дар ҳоле ки дар бархе аз наворҳо, тавре Бобозода иддао мекунад, кормандони ҳифзи ҳуқуқ аз усулҳои дағалонаи муомила бо муҳоҷирон, аз ҷумла истифодаи аз қувва кор мегиранд.
"Мо аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои муҳоҷирон нигарон ҳастем", - омадааст дар дархости Бобозода.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз далелҳои боздошти шаҳрвандони Тоҷикистон дар марзи Русия изҳори нигаронӣ кард, ки ба гуфтаи ӯ, онҳо баъзан бе ғизои дуруст ва шароити муносиби зиндагӣ мемонанд.
"Шаҳрвандони Тоҷикистон аксар вақт дар марз ба муддати тӯлонӣ нигоҳ дошта мешаванд", - омадааст дар санад.
Ӯ аз Москалкова даъват кард, ки ин гуна ҳодисаҳоро зери назорат гирад.
Қаблан Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон, рӯзи 4 октябр зимни суханронӣ дар ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия аз афзоиши мавориди мамнӯъияти вуруд ва ихроҷи шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо ибораи “таъмини амният” хабар дода буд.
Ҳамраиси комиссияи байниҳукуматӣ, муовини нахуствазири Федератсияи Русия Марат Хуснуллин дар навбати худ гуфт, Русия ва Тоҷикистон бояд як гурӯҳи зеркориро барои назорати муҳоҷират таъсис дода, тамоми иқдомоти муштараки марбут ба таъмини амнияти ду кишварро муайян кунанд.
Намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар навбати худ моҳи август гуфта буд, ки мавзӯи муҳоҷират дар Русия дар робита ба амнияти дохилӣ, байналмилалӣ ва минтақавӣ авлавият дорад.