ДУШАНБЕ, 13 окт — Sputnik. Дар давлатҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё ҳаҷми интиқоли бору мусофир афзудааст.
Ба ин маълумотҳои оморӣ шаҳодат медиҳанд.
Дар моҳҳои январ-июли соли 2024 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта) ҳам гардиши умумии мусофирон дар саросари ИИАО (8,4%) ва ҳам як қатор нишондиҳандаҳои миллӣ афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар Қазоқистон – 14,1%, дар Беларус – 9,2%, дар Русия – 7,9%, дар Қирғизистон – 6% афзоишро ташкил дод.
Зимнан, дар давраи ҳисоботӣ ҳаҷми умумии ҳамлу нақли бор дар иттиҳодия 0,3% афзуда, дар Беларус (3,8%), Қирғизистон (3,6%) ва Русия (0,3%) афзоиш ба қайд гирифта шудааст.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8% афзоиш ёфтааст.