Дар Суғд 1,6 миллион тон “тиллои сиёҳ” истеҳсол кардаанд: нарх ҳам баланд аст

Ангишт яке аз серистифодатарин маводи сӯхт дар хонаводаҳои сокинони Тоҷикистон гуфта мешавад, ки ҳамасола бо наздик шудани фасли сармо нархи он боло меравад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 окт – Sputnik. Алҳол дар бозорҳои Суғд фурӯши ғулсанг ё ангишт бештар ба назар мерасад ва сокинон дар бораи болоравии ин навъ маводи сӯхт изҳор мекунанд.
Бахтиёр Раҳматуллоев, яке сокини рустои Далёни болои ноҳияи Деваштич мегуяд, қимати ангишти босифат то 2,2 – 2,4 сомонӣ баланд шудааст, чизе, ки то ин вақт ҳамагӣ 1,7 – 1,8 сомонӣ арзиш дошт.

“Як тон ангишт дорои сифати баланд ҳоло ба 2200 сомонӣ дакка задааст. Фурӯшандаҳо мегуянд, ки ба онҳо ҳам бо нархи баланд дастрас мешавад” - гуфт, сокини ноҳияи Деваштич.

Сокинони дигар навоҳии Суғд ҳам баландшавии нархи ангиштро таъйид мекунанд.
Ин дар ҳолест, ки бино ба омори расмӣ истеҳсоли ангишт аз ҳар вақти дигар дида афзудааст.
Тавре аз Идораи саноати ҳукумати вилояти Суғд ба Sputnik Тоҷикистион иттилоъ доданд, давоми шаш моҳи соли ҷорӣ истеҳсоли ангишт дар конҳои шимоли Тоҷикистон ба 1,6 миллион тон расидааст, ки ин рақам нисбат ба ҳамин давраи соли қаблӣ 443 ҳазор тон зиёд аст.
Супориши Аҳмадзода: Ангишт захира кунед ва ба фасли зимистон омода шавед
Дар вилояти Суғд алҳол шаш кони истихроҷи ангишт “Ангишти шаҳри Исфара”, шахтаи “Фон Яғноб” и ноҳияи Айнӣ, “Комбинати металургии тоҷик”, “Талко Ресурс”, “Диёри ангишти Тоҷикистон” ва “Қудрат 2010” дар шаҳру ноҳияҳои Айнӣ, Исфара, Панҷакент, ва ноҳияи Кӯҳистони Масчоҳ фаъол аст.
Дар ин радиф бузургтарин корхонаи истихроҷи ангишт, шахтаи “Фон Яғноб”-и ноҳияи Айнӣ ба ҳисоб меравад.
Сокинон мегуянд, дар баробари дигар анвои бозор баланд шудани нархи ангишт ба ҷайби онҳо зарба мезанад. Аммо онҳое, ки ба харидуфурӯши ангишт сару кор доранд, иброз мекунанд, ки бо зиёд шудани талабот ба ин мол, нархи он тағйир меёбад.
Сокинони рустоии Тоҷикистон умдатан фасли сарморо бо истифода аз навъҳои гуногуни маводи сӯхт аз ҷумла ангишту ҳезум ва таппак (сӯзишвории экзоотикӣ) мегузаронанд. Нархи ҳезум ва таппак ҳам бо сард шудани ҳарорати ҳаво тағйир меёбад.