ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсияи Русия Валентина Матвиенко дар форуми VIII байнипарлумонии "Тоҷикистон-Русия: иқтидори ҳамкориҳои байниминтақавӣ", ки дар шаҳри Душанбе баргузор шуд, хабар дод, ки беш аз 36 ҳазор донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Русия таҳсил мекунанд.
"Русия дар навбати худ барои таҳсили ҷавонони тоҷик имкониятҳои беназир фароҳам овардааст. Дар донишгоҳҳои Русия, аз ҷумла филиалҳои донишгоҳҳои Русия дар Тоҷикистон квота барои шаҳрвандони шумо яке аз бузургтарин миёни кишварҳои ИДМ аст", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи вай, ҳамкориҳои донишгоҳҳо дар сатҳи минтақавӣ дар ҳоли густариш ёфтан аст.
Хонум Матвиенко мисол овард, Донишкадаи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон аз вилояти Суғд дар заминаи омода кардани геологҳо бо Донишгоҳи давлатии иктишофи геологии Русия ҳамкории фаъол дорад.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки зиёда аз 40 000 ҷавони тоҷик дар хориҷ аз кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаааст.
Қобили зикр аст, ки Русия ҳамасола шумораи ҷойҳои квотаро барои ҷавонони Тоҷикистон, ки мехоҳанд таҳсили русӣ гиранд, зиёд мекунад.
Раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Рустами Эиомалӣ низ гуфта буд, ки давоми се соли ахир дар Тоҷикистон теъдоди онҳое, ки маълумоти олӣ бо забони русӣ гирифтанд ба беш аз 39 ҳазор нафар мерасад.