ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Иқтисоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) рушди устуворро нишон медиҳад.
Дар ин бора директори департаменти сиёсати макроиқтисодии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё Аскар Ҷаппарқулов дар форум оид ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувор дар Алмаато хабар дод.
"Ҷаппарқулов, аз ҷумла қайд кард, ки дар соли 2023 маҷмӯи маҳсулоти дохилии ИИАО 3,8% афзуда, аз суръати рушди иқтисоди ҷаҳонӣ дар соли равон бештар аст: аз рӯи натиҷаҳои нимсолаи аввали соли ҷорӣ суръати рушди иқтисодӣ боз ҳам баландтар: дар нимсолаи аввал ММД-и иттидодия 4,6 фоиз афзуд", — гуфта мешавад дар издороти Комиссияи иқтисодии АвруОсиё.
Намояндаи комиссия таъкид кард, ки яке аз василаҳои ноил шудан ба рушди устувори кишварҳои узв тағйироти ИИАО мебошад.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ИИАО) афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тариқ, дар ҳафт моҳи соли ҷорӣ ин нишондод нисбат ба моҳҳои январ-июли соли 2023 4,8 фоиз афзоиш ёфтааст.