ДУШАНБЕ, 11 окт — Sputnik. Ҳиссаи рубл дар ҳаҷми умумии ҳисоббаробаркуниҳо байни Тоҷикистону Русия аз соли 2021 ду баробар афзуда ба 97,5% расидааст.
Дар ин бора муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Сироҷиддин Икромӣ хабар дод.
"Қобили зикр аст, ки ҳиссаи рубли русӣ дар ҳисоббаробаркуниҳо барои амалиёти тиҷорати хориҷии Тоҷикистон 97,5 фоизро ташкил медиҳад, ки ин нишондод дар соли 2021 ҳамагӣ 45%-ро ташкил медод", - гуфт ӯ дар мизи мудаввари "Ҳамкории тиҷоратӣ-иқтисодӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистоу Русия".
Оқои Икромӣ афзуд, 60% суратҳисобҳои муросилотии бонкҳои Тоҷикистон дар бонкҳои Русия боз шудаанд, дар ҳоле ки Душанбеву Маскав имкони идомаи ҳамкориҳо дар ин заминаро дар шароити таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия пайдо кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, рубл дар тамоми нуқтаҳои мубодилаи асъори Тоҷикистон озодона табдил мешавад.
"Дар қаламрави Тоҷикистон се системаи пардохти [интиқоли пул]-и Русия фаъол аст - инҳо Юнистрим, Астрасенд ва Квикпай мебошанд. Ба наздики боз як ширкати дигари русӣ иҷозатнома Бонки миллиро дарёфт хоҳад кард", - қайд кард Икромӣ.
Дар аввали моҳи август раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фирдавс Толибзода иттилоъ дод, ки Бонки миллӣ тамоюли афзоиши ҳаҷми ҳисоббаробаркуниҳо бо рубли русиро бо кишварҳои ИДМ дар ҷумҳурӣ тақрибан ба 60% расидааст. Дар ҳамин ҳол ҳаҷми пардохтҳо бо доллар дар ҳоли коҳишёбист.