ДУШАНБЕ, 10 окт — Sputnik. Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Форуми VIII байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ", ки имрӯз дар шаҳри Душанбе баргузор шуд гуфт, Тоҷикистон ва Русия дар рушди соҳаҳои мухталиф ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Ҳамчунин Рустами Эмоалӣ Қайд кард, ки ду кишвар дар бахши иқтисод ва тиҷорат, сиёсат ва амният, фарҳангу гуманитарӣ ба пешравиҳои назаррас ноил гардиданд.
Вай илова кард, ки форуми имрӯза имкон медиҳад, ки масъалаҳои муҳими мавриди таваҷҷуҳи ду давлат баррасӣ карда шаванд.
Рустами Эмомалӣ, гуфт, ки новобаста ба дастовардҳои ноилгардида, байни Тоҷикистон ва Русия иқтидори бузурги истифоданашуда дар ҳама самтҳои афзалиятнок мавҷуд аст.
"Барои ташкили корхонаҳои муштарак дар саноати сабук, хӯрокворӣ, химия, инчунин дар самти тандурустӣ ва гидроэнергетика талоши бештар намудан зарур аст. Имконоти хеле хуб низ барои мубодилаи савдои дуҷониба вуҷуд доранд. Истифодаи сармоягузорӣ барои рушди соҳаи алоқа низ муҳим аст. Мо ҳамзамон иштироки ширкатҳои русиро дар рушди сайёҳӣ дар мамлакати худ истиқбол менамоем", - афзуд Рустами Эмомалӣ.
Вай илова кард, ки дар самти ҳамкории Тоҷикистон ва Русия роҳҳалҳои навро дарёфт намудан зарур аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Душанбе Форуми байнипарламентии "Тоҷикистон-Русия: афзалияти ҳамкории байниминтақавӣ" ҷараён дорад.
Дар форум самтҳои калидии стратегии ҳамкории ду давлат, инчунин доираи асосии ҳамкории байнипарламентӣ баррасӣ карда мешаванд.
Иштирокчиёни форум ба ин чорабинӣ ҳамчун воситаи муассири густариши ҳамкорӣ аҳамияти хосса зоҳир менамоянд.