Ушаков: Масъалаи муҳоҷират ба муносибати Путину Раҳмон таъсир намерасонад

Ёвари раисҷумҳури Русия мегӯяд, ки мавзӯи муҳоҷират ба муносибатҳои президентҳои Русия ва Тоҷикистон таъсир намерасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Юрий Ушаков ёвари президенти Русия таъкид кард, ки баҳс дар мавзӯи муҳоҷират ба равобити президентҳои Русияву Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон таъсир намерасонад.
Вай афзуд, ки муносибатҳои ду роҳбар самимиву дӯстона боқӣ мемонанд
"Муносибатҳои раҳбарон дӯстона ва самимӣ аст, онҳо ҳамдигарро мешиносанд, муошират мекунанд ва мехоҳанд муошират кунанд", - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 7 октябр президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маскав рафт ва он ҷо қарор аст дар нишасти сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Ҳамсуд (ИДМ) иштирок кунад.
Тоҷикистон ва Русия шарики стратегӣ ба шумор мераванд ва ин кишвар шарики муҳими тиҷоратии Душанбе ба шумор меравад. Вале ахиран мақомоти Тоҷикистон аз нақзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар қаламрави бархе аз кишварҳои ИДМ изҳори нигаронӣ кард.
Раҳмон вориди Маскав шуд
Ахиран Сироҷиддин Муҳриддин вазири хориҷаи Тоҷикистон дар ҷаласаи вазирони хориҷаи ИДМ ба далелҳои роҳ надодан ва манъи вуруди донишҷӯёни тоҷик, аз ҷумла онҳое, ки тибқи квотаҳои ҳукуматие, ки аз ҷониби давлатҳои ИДМ ҷудо карда шудаанд, таҳсил мекунанд, таваҷҷӯҳи хоса зоҳир кард.
"Чунин муносибат ба принсипҳои бунёдии инсондӯстӣ ҷавобгӯ набуда, принсипҳои асосии фаъолияти ИДМ-ро зери шубҳа мегузорад. Мо чунин мешуморем, ки бархӯрди ҳамаҷониба, дақиқ ва шаффоф дар ҳалли масъалаҳои муҳоҷират зарур аст, ки манфиатҳои ҷониби қабулкунанда, кишвари хуруҷ, худи шаҳрвандони меҳнатӣ ва аҳолии маҳаллиро баробар ба инобат гирад”, - таъкид кард вазири хориҷаи Тоҷикистон.