ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Вазорати дифои Русия хабар дод, ки артиши Русия дар як рӯз беш аз 200 сарбози украинӣ, се мошини зиреҳпӯш ва чаҳор тӯпхона ва ду хумпораандоз ё миномётро дар манотиқи марзии вилояти Курск нобуд карданд.
"Дар давоми рӯз талафоти нерӯҳои мусаллаҳи Украина беш аз 200 нафар низомиёнро ташкил дод, се мошини зиреҳпӯши ҷангӣ, инчунин чаҳор тӯпхона, ду хумпораандоз ва се мошин нобуд карда шуд", — гуфта шудааст дар хабари вазорати дифои Русия.
Дар маҷмӯъ дар набардҳо дар самти Курск артиши Украина зиёда аз 21250 сарбозон ва 136 тонкро аз даст додааст.
"Амалиёти нобудсозии воҳидҳои нерӯҳои мусаллаҳи Украина идома дорад", — таъкид кардааст вазорати дифои Русия.
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёт