ДУШАНБЕ, 8 окт — Sputnik. Раёсат дар ИДМ дар соли 2025 ба Тоҷикистон мегузарад.
Ёвари президенти Русия Юрий Ушаков дар суҳбат бо рӯзноманигорон гуфт, ки ин тасмим ва ҳамчунин санаи баргузории Шӯрои навбатии сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар нишасти сарони ИДМ тасдиқ карда мешавад.
Ба гуфтаи ёвари раҳбари Русия, дар миёни мавзӯъҳои сарони давлатҳо баррасӣ хоҳанӣд кард, “масъалаи раёсат дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2025” мавҷуд аст.
"Раёсат дар ИДМ ба ӯҳдаи Тоҷикистон гузошта мешавад", - изҳор дошт Ушаков.
"Масъалаи гузарондани мачлиси навбатии Шурои сардорони давлатхо" низ баррасӣ мешавад.
"Пешниҳодҳои мушаххас аз ҷониби ҳамкорони тоҷик ворид шудааст ва ин пешниҳод пазируфта мешаванд", - гуфт ёвари президенти Русия.
Нишасти навбатии сарони кишварҳои ИДМ 10 октябри соли 2025 дар Душанбе баргузор мешавад.
Рӯзҳои 7 ва 8 октябр дар Маскав ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои ИДМ баргузор мешавад.
Сарони давлатҳо қарор дар бораи эълони пойтахтҳои фарҳангии кишварҳои муштаракулманофеъ барои се соли оянда имзо карда, ба як қатор санадҳои марбут ба ҳамкорӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва ҳамчунин дар соҳаи амният тағйироту иловаҳо ворид хоҳанд кард.