Вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ таҳримҳои якҷонибаи Ғарбро маҳкум карданд

Вазирони хориҷаи кишварҳои узви ИДМ дар Маскав дар ҷаласаи навбатӣ таҳримҳоия яктарафаи кишварҳои Ғарбро маҳкум намуданд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ИДМ дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ин созмон, изҳорот дар бораи қобили қабул набудани таҳримҳои Ғарбро қабул намуданд.
Дар ин бора ба хабарнигорон вазири корҳои хориҷии Русия Сергей Лавров хабар дод.
"Мо санадҳои худамон, ҳуҷҷатҳои вазирони корҳои хориҷиро қабул кардем, ки ман мехоҳам як санадро дар бораи қобили қабул набудани чораҳои маҷбурии якҷониба, ба истилоҳ таҳримҳо қайд намоям", - гуфт Лавров.
Вазирони корхои хориҷии кишварҳои узви ИДМ дар бораи роҳ надодан ба истифодаи чораҳои яктарафаи маҳдудкунанда дар муносибатҳои байналмилалӣ изҳороти якҷоя қабул намудем ва дар он ба давлатҳои узв тавсия додем, ки аз қабул, паҳн ва татбиқи онҳо худдорӣ намоянд.
"Дар изҳорот гуфта мешавад, ки қабули чораҳои маҳдудкунанда аз ҷониби ҳар як давлат, ба Оинномаи Созмони Милали Муттаҳид мухолиф аст ва аз давлатҳо даъват карда мешаванд, ки аз қабул, паҳн ва татбиқи чораҳои маҳдудкунандаи яктарафа, ки ба рушди иҷтимоию иқтисодӣ халал мерасонанд, худдорӣ кунанд", - гуфта мешавад дар изҳорот.
Раҳмонро ба Маскав гусел карданд
Таъкид шудааст, ки чорахои махдудкунандаи яктарафа муғоир ба амалӣ гардондани ҳуқуқҳои инсон аст.
Ба акидаи вазирони хориҷа, хеҷ кас бояд аз озодӣ маҳрум нашавад.
Сергей Лавров илова кард, ки кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо фишори таҳримҳои Ғарб муваффақона мубориза мебаранд.
"Мо усулҳоеро, ки Ғарб истифода мекунад, ҳама давлатҳо, аз ҷумла кишварҳои пасошӯравӣ, рад мекунем", - гуфт Лавров
Ба гуфтаи вазири рус "тадбирҳои ғайриқонунӣ, ки таҳримҳои дуввум ва сеюм номида мешаванд, вақте ба касе писанд наояд, ки ду кишвари мустақил бо ҳамдигар муносибат кунанд, ба ҳуқуқи байналмилалӣ рабте надоранд."