Раҳмон вориди Маскав шуд

Раисиҷумҳури Тоҷикистон, барои иштирок дар ҷаласаи Шӯрои сарони кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақим (ИДМ) вориди Маскав шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Маскави Русия шуд, иттилоъ додааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳури кишвар.
Ба иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи “Внуково-2”-и шаҳри Москва Президенти Тоҷикистонро намояндагони воломақоми Русия самимона пазироӣ карданд.
Зимни ин сафар Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шурои сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок менамоянд.
Дар ин сафар президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро вазири корҳои хориҷӣ, ёрдамчии Президенти кишвар оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.
Вазирони хориҷаи кишварҳои ИДМ таҳримҳои якҷонибаи Ғарбро маҳкум карданд
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш раисҷумҳури Русия Владимир Путин бо Раҳбари Тоҷикистон суҳбати телефонӣ дошт.
Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон омодагиҳо ба нишасти дарпешистодаи кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро, ки дар Маскав баргузор мешавад, баррасӣ карданд.
Ёдовар мешавем, ки аз 1 январи соли 2024 раёсати ин иттиҳод ба Русия гузашт.
Қаблан Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия гуфт, ки Владимир Путин рӯзи 7 октябр бо раҳбарони кишварҳои ИДМ, ки барои ширкат дар нишасти сарони кишварҳои муштаракулманофеъ ба Маскав меоянд, мулоқот хоҳад кард.
Илова бар ин, рӯзи душанбе ҷаласаҳои Шӯрои вазирони корҳои хориҷии ИДМ дар назар аст.