ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Вазири дифои ИМА Ллойд Остин бо ҳамтои исроилии худ Йоав Галант вазъи Ховари Миёнаро баррасӣ кард ва ҷонибҳо бори дигар тааҳҳудоти худро барои боздоштани Эрон тасдиқ карданд, гуфт Пентагон.
Бар асоси ин баёния, Остин пуштибонии Амрикоро аз ҳуқуқи Исроил ба дифоъи худӣ таъйид кард ва қайд кардааст, ки Вошингтон "иқтидори назаррасро дар минтақа" барои ҳифзи кормандон ва иншооти ИМА ва пуштибонии минбаъда аз дифоъи Исроил ва ҷилавгирӣ аз ташдиди авзоъ дар минтақа нигоҳ медорад.
Дар изҳороти Пентагон гуфта мешавад, ки ду раҳбар тааҳҳуди худро барои боздоштани Эрон, шарикон ва шахсони боэътимоди аз ҷониби Эрон аз сӯистифода аз вазъ ё густариши низоъ таъйид карданд.
Тибқи қарори гузоришҳо Исроил талош дошт, шаби шашуми октябр бар Эрон зарбаи ҷавобӣ занад, аммо он сурат нагирифт.
Эрон шаби 6 октябр ҳама парвозҳоро то субҳи душанбе лағв кард, аммо пас аз чанд соат равуои ҳавоӣ аз сар гирифта шуд.
Зоҳиран, Теҳрон ҳанӯз интизори зарбаҳои ваъдашудаи Исроил ба қаламрави Эрон нест.
Дар ҳамин ҳол, ба гузориши расонаҳои ҷаҳонӣ идораи Байден бо ваъдаи кумакҳои низомӣ ва пуштибонии сиёсӣ Исроилро аз зарба ба таъсисоти ҳастаии Эрон боздоштааст ва даъвати вазири дифои инкишвар ба ИМА низ бастагӣ ба ин тасмим дорад..
Рӯзи 1 октябр Эрон бори дувум дар таърих Исроилро ба партоби мушакҳои густарда гирифтор кард ва онро як амали худдифоӣ номид.
Артиши Исроил мегӯяд, тақрибан 180 мушаки баллистикӣ партоб шудааст, ки бештари онҳо боздошт шудаанд.
Наворҳое дар шабакаҳои иҷтимоӣ паёмади афтидани мушакҳоро дар манотиқи мухталифи Исроилро сабт кардаанд.
Бар асари ҳамалот, ба гуфтаи мақомоти Исроил, дар миёни шаҳрвандони ин кишвар талафоти ҷонӣ сабт нашудааст.
Эрониҳо иддао доранд, ки мушакҳо ба ҳадафҳои низомии исроилӣ зарба задаанд, исроилиён ин хисоротро “ҳадди ақалл” меноманд.
Онҳо ваъда медиҳанд, ки зарбаи ҷавобӣ мезананд ва ИМА ба ёрӣ ба иттифоқчии асосии худ дар Шарқи Наздик меоянд.
Намояндаи расмии Вазорати хориҷаи Русия Мария Захарова пас аз ҳамлаи мушакии Эрон ба Исроил гуфт, ки маъмурияти раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден дар Ховари Миёна ноком шуда, нотавонӣ дар ҳалли бӯҳронҳоро нишон медиҳад.