Ҳарифи Муин Ғафуров дар UFC маълум шуд: У кист?

Намояндаи Тоҷикистон дар лигаи маъруфи ҳунарҳои размии ҷаҳон - UFC зӯрозмоии чаҳорумашро анҷом хоҳад дод. Рақибаш намояндаи Ҷопон мебошад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 7 окт — Sputnik. Муин Ғафуров размикори тоҷик дар мусобиқаи UFC 311 бо Риня Накамураи ҷопонӣ рақобат хоҳад кард.
Дар ин бора расман инсайдери MMA Марсел Дорфф хабар дод.
Тибқи иттилои ҳамин манбаъ, муҳорибаи ду размикор дар Арабистони Саудӣ 18 январи соли 2025 баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июн Муин Ғафуров дар мусобиқаи UFC дар Ар-Риёз (Арабистони Саъудӣ) бар Кюнг Ҳо Канги размикори кореягиро шикаст дод.
Рекорди феълии ӯ дар муҳорибаҳои омехта ҳоло 19 ғалаба ва 6 бохт аст. Дар UFC Ғафуров ҳамагӣ се қувваозмоӣ кардааст.
Набарди шом бо Раҷабов дар UFC: ӯ гуфт, бе мушкил ҳарифро шикаст медиҳад
Ҳамакнун рақиби нави Муин Ғафуров маълум шуд – размикори тоҷик пас аз набарди охиринаш бо Риня Накамураи ҷопонӣ рақобат хоҳад кард.
Маврид ба зикр аст, ки Ғафуров чанд бор талоши роҳёбӣ ба UFC кард ва ниҳоят дар моҳи июни соли ҷорӣ, ӯ бо созмон шартнома ба даст овард ва дар мусобиқа дар Лас Вегас иштирок кард. Аммо дар он ҷо аз Ҷон Кастанедаи амрикоӣ мағлуб шуд.
Муин Ғафуров фаъолияти касбии худро соли 2013 оғоз кардааст. Дар тӯли 10 сол ӯ 23 зӯрозмоӣ гузарондаст.
Қаблан варзишгар дар мусобиқаҳои лигаҳои ACA, ONE FC, ADW ширкат кардааст. Соли 2013 дар 19-умин Чемпионати ҷаҳон оид ба самбои размӣ дар вазни 62 кг дар шаҳри Маскав ғолиб омада буд. Он замон дар сабқати ниҳоӣ бар Абзал Абилдошев аз Қазоқистон пирӯз шуда буд.