ДУШАНБЕ, 6 окт – Sputnik. Аз даст додани Угледар аз ҷониби украинҳо ба Қувваҳои Мусаллаҳи Русия имкон медиҳад, ки дар зимистони имсол тамоми Ҷумҳурии Халқии Донетскро озод кунанд.
Дар ин бора полковники мустаъфии бундесвер Ралф Тилле дар мақолае барои Focus.Online изҳор дошт.
Вай ёдовар шуд, ки пас аз озод кардани Угледар нерӯҳои Русия ҳамлаи худро дар Донбасс, аз ҷумла дар самти Красноармейск идома медиҳанд, ки ин ҳам аҳамияти бузурги стратегӣ дорад.
"Русҳо дар наздикӣ қарор доранд ва мавқеъҳои ҳамлаи худро мустаҳкам мекунанд. Красноармейскро низ шояд муддати тӯлонӣ нигоҳ доштан нашавад. Артиши Украина бояд ба дифоъ раванд ва ҳеҷ ҳарфе дар бораи зиддиҳамла нест, ки дурнамои баргардонидани қаламравҳо барои Киев боз ҳам дуртар мекунад”, - қайд кард Тилле.
Ба гуфтаи ин низомии мустаъфӣ, сафари бемуваффақияти Зеленский ба Иёлоти Муттаҳида, ки дар ҷараёни он талаботаш иҷро нашуд, танҳо озодии комили ҶМД аз ҷониби артиши Русияро наздиктар кард.
Вазорати дифои Русия рӯзи 3 октябр аз раҳоии Угледар хабар дод. Ин шаҳр охирин такягоҳи бузурги нерӯҳои мусаллаҳи Украина дар самти Южнодонетск буд.
Акнун нерӯҳои Русия ба Великая Новоселка дар сарҳади вилояти Запороже ва Курахово, ки дар он ҷо душман хатҳои пуриқтидори мудофиавӣ мусаллаҳ кардааст, пеш рафта метавонанд.
Озод шудани Угледар роҳи магистрали Донетск — Мариуполро комилан таъмин намуда, Волновахаро аз ҳамла раҳо кард.