ДУШАНБЕ, 6 окт — Sputnik. Тасмими додани мақоми нозир ба Эрон дар Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мумкин аст дар ояндаи наздик гирифта шавад.
Дар ин бора Гоҳар Барсегён, узви ҳайати мушовара (вазири) оид ба саноат ва комплекси агросаноатии Комиссияи иқтисодии АвруОсиё дар як нишасти хабарӣ изҳор дошт.
Ӯ гуфт қаблан созишнома миёни ИИАО ва Ҷумҳурии Исломии Эрон дар бораи минтақаи озоди тиҷоратӣ ба имзо расид ва аз тарафи шарикони эронӣ барои гирифтани мақоми нозир дар ин иттиҳодия муроҷиат ворид шуд.
"Ҳоло дархостро ниҳодҳои иттиҳод мувофиқи тартиби муқарраршуда дида мебароянд. Умедворем, ки дар ояндаи наздик сарони давлатҳои мо тасмим мегиранд ва Эрон мақоми нозириро дар созмон хоҳад гирифт”, - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Гоҳар Барсегён, тасмими раҳбарон дар бораи додани мақоми нозир, ба ҳамкорӣ бо шарикони эронии мо такони нав хоҳад бахшид, зеро мо дар ин ҷо имконоти бузург дорем.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран сарвазири Русия Михаил Мишустин дар пайи сафари ахираш ба Теҳрон гуфт, ки дар баробари дигар масоил ҳамчунин масъалаи пайвастани Эрон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба ҳайси кишвари нозир ба таври муфассал баррасӣ кардаанд.
"Мо интизор дорем, ки дар ояндаи наздик созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодия ва Эрон эътибори расмӣ пайдо мекунад, ки шароити кори содиркунандагони Русияро дар бозори Эрон ба таври қобили мулоҳиза беҳтар хоҳад кард”,- гуфт Мишустин.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муҳаммад Ризвонфар раиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, кишвараш дар 8 моҳ ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маблағи 2,2 миллион тонна коло ба маблағи 748 млн доллар содир кардааст.
Ба гуфтаи Резванфар, содирот ба ИИАО низ аз рӯи вазн 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Соли 2018 Эрон ва ИИАО як созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бастанд, ки тибқи он ҳоло ҳудуди 862 номгӯи мол бо боҷҳои имтиёзнок содирот мешаванд. Созишнома 27 октябри соли 2019 эътибор пайдо кард.
Дар охири моҳи декабри соли 2023 дар ҷараёни нишасти сарони ИИАО дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳарду ҷониб низ Созишномаи тиҷорати озодро (FTA) ба имзо расонданд.