Тоҷикистон аз таҳаввулот дар сиёсати муҳоҷират дар Русия изҳори нигаронӣ кард

Сарвазири ҷумҳурӣ ба муовини раиси ҳукумати Русия дар бораи оқибатҳои пурзӯр кардани низоми муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон шарҳ дод
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт — Sputnik. Қоҳир Расулзода дар суҳбат бо Марат Хуснуллин шарҳ дод, ки ҳолатҳои манъи вуруд ва депорт бо тавзеҳоти норавшани "таъмини амният" афзоиш ёфта истодаанд.
Дар ҳамин ҳол, муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснулин гуфт, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба Русия дигар нахоҳад буд.
"Муҳоҷирати ғайриқонунӣ дигар [ба Русия] нахоҳад буд, мо бояд инро аниқ дарк кунем, мо бо захираҳои меҳнатӣ кор хоҳем кард, ба мо лозим аст, аммо ин ҳама комилан қонунӣ сурат мегирад", - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи ӯ, Маскав ва Душанбе бояд як гурӯҳи корӣ таъсис диҳанд, то тамоми иқдомоти марбут ба таъмини амнияти ду кишварро мушаххас кунанд.
"Ин барои он зарур аст, ки мо фаҳмем, ки кӣ меояд, онҳо чӣ гуна меоянд, то мо ба онҳо кумак кунем", - қайд кард Хуснуллин.
Муовини сарвазири Русия ёдовар шуд, ки аз 5 феврал қонунгузории Русия дар ин самт ба таври ҷиддӣ тағйир меёбад.
Ҳаҷми сармоягузории Русия дар Тоҷикистон беш аз 1,5 млрд долларро ташкил додааст
"Аз ин рӯ, мо бояд корҳои зиёди фаҳмондадиҳӣ ва ташкилӣ гузаронем, то табодули маълумот ба роҳ монда шавад ва мо равшан донем, ки минбаъд чӣ гуна кор хоҳем кард", - афзуд ӯ.
Дар навбати худ Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода нигаронии Душанберо аз тамоюли поймол шудани ҳуқуқи тоҷикон ҳангоми тафтиши оммавии шаҳрвандони хориҷӣ қайд кард.
"Фактҳои қабул накардан, манъи вуруд ва депортатсияи шаҳрвандони Тоҷикистон бо мафҳуми васеъ ва норавшани "таъмини амният" дар дидбонгоҳҳои марзии Русия шаҳрвандони моро соатҳо ва ҳатто рӯзҳо боздошт мекунанд – аз ҷумла аъзоёни хайатхои вакилони расмӣ, донишҷӯён, пиронсолон ва кӯдакон", — гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Расулзода, дархостҳои корфармоёни рус барои ҷалби тоҷикон ба Русия рӯ ба афзоиш аст, аз ҷумла, ахиран як ҳайати Тотористон бо ин ҳадаф ба ҷумҳурӣ омада буд.
Раҳмон бо Хуснулин масъалаи таъсиси паркҳои индустриалиро баррасӣ кард
"Мо бояд ба роҳҳои ҳалли воқеан муассир дар соҳаи муҳоҷират гузарем, то ҳамдигарфаҳмӣ байни халқҳои дӯстро таҳким бахшем", - афзуд Расулзода.
Ёдовар мешавем, ки муовини раиси ҳукумати Русия Марат Хуснуллин бо як сафари корӣ вориди Душанбе шуд. Вай бо Қоҳир Расулзода, нахуствазири Тоҷикистон дидору гуфтугӯ дошта, дар 20-умин ҷаласаи комиссияи байниҳукуматии ду кишвар ширкат кард.
Дар ҷараёни ин чорабинӣ Расулзода изҳор дошт, ки ҳаҷми сармоягузории Русия дар ин ҷумҳурӣ дар даҳ соли охир беш аз 1,5 миллиард долларро ташкил додааст.