Раҳмон тоҷиконро бо Рӯзи забони давлатӣ табрик кард

Ба таъкиди раисҷумҳур, қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони модарии хешро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем
Sputnik
ДУШАНБЕ, 5 окт— Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, тоҷиконро ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ табрику шодбош гуфт.
Дар ин бора котиботи роҳбари давлат хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошияш гуфт, ҳар яки мо вазифадорем, ки забони модарии ширину шево ва шоиронаи худро ҳифз кунем, барои боз ҳам сайқал додану ғанӣ гардонидани он талош намоем ва саҳм гузорем.
Ӯ нашр ва ба ҳар як хонаводаи мамлакат туҳфа кардани "Шоҳнома"-и Фирдавсиро яке аз роҳҳои ҳифзи забон, эҳёи ҳофизаи таърихӣ, густариши худшиносиву худогоҳии миллӣ ва эҳсоси ватандӯстиву ватанпарастии мардум, бахусус, наврасону ҷавонон хонд.
"Аз ҷониби дигар мо мехоҳем, ки калимаву ибораҳои ноби тоҷикӣ ва дар маҷмуъ, асолати забони модарии худро дар марҳалаи муосир ҳифз намоем",- гуфт ӯ.
Раисҷумҳур гуфт, ки дар ин раванд, ба забони илм табдил додани забони тоҷикӣ ва истифодаи васеъ аз имконоти фаровони луғату истилоҳоти он аз ҷумлаи муҳимтарин масъалаҳои забон дар даврони муосир ба ҳисоб мераванд.
Вай афзуд, зарур аст, ки барои ҳамқадами замон гардонидани забони давлатӣ ва ба пояи забони илми муосир расонидани он дастҷамъона кӯшиш намоем ва дар ин замина донишмандони кишварро зарур аст, ки асарҳои илмии худро бештар ба забони давлатӣ таълиф кунанд.
Таърихи беш аз 5500 сола: Саразми бостонӣ чи гуна кашф шуд? – видео
Сарвари давлат таъкид намуд, мо бояд кӯшиш намоем, ки фарзандону набераҳоямон ҳанӯз аз муассисаи томактабӣ сар карда, забони тоҷикиро хуб аз худ намоянд, аз фарҳанги миллӣ ва осори маънавии ниёгон огоҳии комил дошта бошанд.
"Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем",- таъкид кард, президент.
Таъкид менамоям, ки забон аз ҷумлаи муқаддасоти миллии мо мебошад, зеро он рукни меҳварӣ ё шаҳсутуни давлатдорӣ ва ҳастии миллати тоҷик бо таърихи беш аз шашҳазорсола буд, ҳаст ва мемонад, таъкмд кард дар фарҷом кишвардор.