Тоҷикистону Қатар бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқро муҳим донистанд

Тоҷикистону Қатар бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсияро яке аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар донистанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik.Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Давҳа дар ҳошияи Нишасти сеюми Муколамаи Ҳамкории Осиё таҳти унвони “Дипломатияи варзишӣ” бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ маҷмуи масоили ҳамкории Тду кишварро баррасӣ кард.
“Густариши ҳамкорӣ бо Давлати Қатар дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат ва сармоягузорӣ аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон мебошад” — таъкид дошт, кишвардори Тоҷикистон дар мулоқот.
Ҳамчунин тарафҳо дар мулоқот бахшҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, бонкдорӣ, сайёҳӣ ва нақлиёту коммуникатсия аз самтҳои ояндадори робитаҳои ду кишвар номиданд.
Қайд карда шудааст, ки ҳар ду ҷониб алоқамандии худро ба фаъол гардонидани кори Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ иброз доштанд.
Тоҷикистон “Дипломатияи варзишӣ”-ро ба кор гирифтааст
Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот ҷалби сармоягузорони Қатар, аз ҷумла имконоти бо Фонди Қатар оид ба рушд ба бахшҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон, аз ҷумла барои бунёди иншооти тавлиди нерӯи барқ аз манбаъҳои барқароршаванда дар Тоҷикистон муҳим донист.
Таъкид гардид, ки таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ дар соҳаҳои мухталиф, аз ҷумла хӯрокворӣ ба манфиати ҳар ду ҷониб хоҳад буд.
Ҳамчунин қайд карда шудааст, дар мулоқот омода намудани мутахассисони касбӣ барои соҳаҳои хизматрасонӣ бо таъсиси Маркази забономӯзӣ дар Тоҷикистон, рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои фарҳанг ва илму маориф, баргузории Рӯзҳои фарҳанг аз мавзуъоти муҳими дигар буд.
Ҷонибҳо дар мулоқот тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ ва фаъол гардидани гурӯҳи дӯстии парлумониро муҳим донистанд.
Қайд гардидааст, ки зимни мулоқот тарафҳо доир ба мавзуъоти минтақавию ҷаҳонии мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб табодули афкор намуданд.