Раиси ФСБ-и Русия гуфт тоҷиконро барои ҳамлаи террористӣ дар Крокус чигуна ҷалб намуданд

Раиси ФСБ-и Русия Александр Бортников дар ҷаласаи Шӯрои роҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ дар Остона ширкат кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Ба гуфтаи раиси ФСБ Александр Бортников Русия омилони ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл ҳадафмандона аз диаспораи тоҷикон дар Русия ҷалб шудаанд.
Вай ин нуктаро дар Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои узви ИДМ дар Остона баён дошт.
Вай ҳамчунин зикр кард, ки нафароне, ки ҷалб мекарданд аъзои созмони байналмилалии террористии "Вилояти Хуросон", мамнуъ дар Русия, буданд.
"Маълум шудааст, ки ҷалбкунандагони ҳамлаи террористӣ аъзои "Вилояти Хуросон* буда, дар ҳоле ки ҷисман дар Афғонистон қарор доштаанд, ҳадафмандона ба диаспораи тоҷикон дар Русия тавассути интернет "кор" кардаанд", - таъкид кард Бортников.
Мӯҳлати тафтишоти парвандаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус боз тамдид шуд
Рӯзи 4 октябр дар Остона ҷаласаи 55-уми Шӯрои раҳбарони ниҳодҳои амниятӣ ва хадамоти махсуси кишварҳои ИДМ мегузарад. Иштирокчиёни вохӯриро Президенти Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев ба ҳузур пазируфт.

Ҳамлаи террористӣ дар Крокус Сити Холл

Рӯзи 22 март дар толори консертии Крокус Сити Холл, воқеъ дар шимолу ғарби Маскав тирпарронӣ рух дод.
Чанд нафар ва бидуни ниқоб вориди бинои марказӣ шуданд. Онҳо ба рӯи одамон тирандозӣ карданд ва баъд аз он курсиҳои толорро оташ заданду инчунин норинҷакҳои оташзо партоб намуданд, ки боиси сӯхтори шадид ва қисман фурӯ рехтани бино гардид.
Тибқи маълумоти охирини Кумитаи тафтишоти Русия, дар натиҷаи ҳамлаи террористӣ дар Крокус беш аз 140 нафар кушта шудаанд, ки шаш нафари онҳо кӯдакон мебошанд.
Ҷинояткорон субҳи барвақти 23 март дар вилояти Брянск дар наздикии марз бо Украина боздошт шуданд.
Ҳар чор нафар зодаи Тоҷикистон мебошанд. Баъдтар тафтишот муайян кард, ки пеш аз ҳамлаи хунин ду нафар аз ин террористҳо аз Истанбул боздид карданд.
Дар парвандаи ҳамлаи террористӣ ба Крокус муттаҳамони нав пайдо мешаванд
Имкон дорад, раҳбари эҳтимолии ин гурӯҳ бо доираҳои тундгаро дар Туркия робита дошта бошанд. Тибқи як фарзия дигар, маҳз дар он ҷо яке аз онҳо барои анҷоми ҳамлаи террористӣ омӯзиши зарурӣ гирифтааст.
Дар маҷмӯъ, дар робита ба ҳамлаи террористӣ дар Крокус 12 гумонбар боздошт шудааст. Ҳамаи онҳо ба рӯйхати террористони Росфинмониторинг шомил шудаанд. Чанд нафари дигар бо гумони даст доштан дар ин ҳодиса низ боздошт шудаанд.
Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, зимни муроҷиати худ ба шаҳрвандон қайд кард, ки баъд аз ҳамлаи террористӣ ҷинояткорон ба самти Украина ҳаракат мекарданд, ки дар он ҷо барои онҳо як "долон"-и вижа омода карда шуда буд. Вай таъкид кард, ки ҳеҷ яке аз ширкаткунандагон набояд аз ҷазои одилона раҳо ёбад.
Путин таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки дар паси ҳамлаҳои террористӣ дар манотиқи мухталифи ҷаҳон "на танҳо гурӯҳҳои тундгаро, балки хадамотҳои вижаи баъзе аз кишварҳо низ даст доранд".
Мақсади онҳо вайрон кардани асосҳои конститутсионӣ ва ноором кардани давлатҳои соҳибихтиёр, инчунин барангехтани кинаю адоват байни миллатҳо ва динҳо аст.
*-созмон ё гурӯҳи террористии мамнуъ дар Русия