ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо муовини раиси ҳукумати Русия, ҳамраиси Комиссияи муштараки байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба ҳамкории иқтисодӣ Марат Хуснулин дидору гуфтугӯ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, зимни мулоқот тарафҳо масоили таҳкими ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия ро баррасӣ намуданд.
Қайд карда шудааст, ки таваҷҷуҳи зиёд ба густариши робитаҳои ду кишвар дар соҳаҳои тиҷорат, саноат, энергетика, молияву бонкдорӣ ва сармоягузорӣ зоҳир гардид.
Дар мулоқот барои расидан ба ҳадафҳои дар ин самтҳо муайянгардида баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ зарур шумурда шуд.
Ҳамчунин тарафҳо ҷалби сармояи Русия ба иқтисоди Тоҷикистон барои татбиқи лоиҳаҳои муштарак, аз ҷумла дар бахшҳои кооператсияи саноатӣ ва таъсиси паркҳои индустриалӣ ба нафъи ду кишвар донистанд.
Эмомалӣ Раҳмон ва Мрат Хуснулин дар бораи дигар масъалаҳои мубрами муносиботи Тоҷикистону Русия табодули андеша намуданд.