ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Дар вилояти Хатлон марҳилаи дуюми амалиёти "Нелегал-2024" оғоз ёфта то то 6 ноябр идома меёбад, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон.
Тибқи нақшаи амалиёти минтақавии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба муқовимат ба муҳоҷирати ғайриқонунии "Нелегал-2024" ва иҷрои фармони муштараки ВКД, КДАМ ва Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, амалиёт дар ду марҳила гузаронида мешавад.
Қайд карда шудааст, ки марҳилаи якуми он бо номи "Ҳаракати ғайриқонунӣ" аз 3 июн то 9 июни соли 2024 бо мақсади ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирии ҷинояткорӣ, ошкор намудани ҷиноятҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти шиносномадиҳӣ ва бақайдгирии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон гузаронида шуд.
Марҳилаи дуюми амалиёт бо номи "Нелегал Кордон" 30 октябр оғоз гардида, то 6 ноябр идома меёбад.
ВКД қайд кардааст, ки амалиёти муштарак бо мақсади ошкор намудани роҳҳои муҳоҷирати ғайриқонунӣ, пурзӯр намудани назорат оид ба риояи қоидаҳои будубоши шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят, гузаронида мешавад.
Ҳамзамон амалиёти мазкур ба фаъолияти меҳнатӣ машғул шудани шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрвандӣ дар ҳудуди вилоят ва ислоҳи камбудиву норасоиҳо гузаронида