Мишустин бо раҳбарияти Эрон масъалаи шомил шудани ин кишвар ба ИИАО-ро баррасӣ кард

Созишномадар бораи тиҷорати озод миёни Эрон ва Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё қарор аст дар ояндаи наздик эътибори расмӣ пайдо кунад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 окт — Sputnik. Сарвазири Русия Михаил Мишустин ахиран сафари расмӣ ба шаҳрҳои Ереван ва Теҳрон анҷом дод.
Тавре нахуствазир қайд кард, ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки ҳамкориҳои Русияву Эронро дар ҳама самт тақвият хоҳад ёфт.
“Таваҷҷуҳи махсус ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак дар соҳаи энергетика, инфрасохтори нақлиётӣ, кишоварзӣ, технологияҳо ва иқтисодиёти рақамӣ дода шуд. Мо ҳамчунин масъалаи пайвастани Эрон ба Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиёро ба ҳайси кишвари нозир ба таври муфассал баррасӣ кардем. Мо интизор дорем, ки дар ояндаи наздик созишномаи тиҷорати озод байни Иттиҳодия ва Эрон эътибори расмӣ пайдо мекунад, ки шароити кори содиркунандагони Русияро дар бозори Эрон ба таври қобили мулоҳиза беҳтар хоҳад кард”, гуфт Мишустин.
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш Муҳаммад Ризвонфар раиси Шӯрои исломии Эрон гуфт, кишвараш дар 8 моҳ ба кишварҳои Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маблағи 2,2 миллион тонна коло ба маблағи 748 млн доллар содир кардааст.
Эрон омодааст дар ҳамкорӣ бо кишварҳои ИИАО маркази тиҷорӣ ва логистикӣ бунёд кунад
Ба гуфтаи Резванфар, содирот ба ИИАО низ аз рӯи вазн 35 дарсад афзоиш ёфтааст.
Дар ҳамин ҳол, дар панҷ моҳи зикршуда Эрон аз кишварҳои узви Иттиҳодияи иқтисодии АвруОсиё ба маблағи 3,9 млн тонна коло ба маблағи 1,6 млрд доллар ворид кардааст.
Соли 2018 Эрон ва ИИАО як созишномаи тиҷоратии имтиёзнок бастанд, ки тибқи он ҳоло ҳудуди 862 номгӯи мол бо боҷҳои имтиёзнок содирот мешаванд. Созишнома 27 октябри соли 2019 эътибор пайдо кард.
Дар охири моҳи декабри соли 2023 дар ҷараёни нишасти сарони ИИАО дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия ҳарду ҷониб низ Созишномаи тиҷорати озодро (FTA) ба имзо расонданд.