Расонаҳо: Артиши Украина ба вилояти Курск беҳтарин танкҳои ғарбиро фиристодааст

Нашрияи “Forbes” навиштааст, ки артиши Украина ба вилояти Курски Русия беҳтарин танкҳои сохти Ғарбро равон кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Нашрияи “Forbes” менависад, ки дар ҳамлаи террористӣ ба вилояти Курск, артиши Украина аз беҳтарин танкҳои сохти кишварҳои Ғарб истифода мекунад, ки дар сурати нобуд шуданашон ба эҳтимоли зиёд иваз карда намешаванд.
Ёдовар мешаве, ки вазорати дифои Русия як рӯз пеш хабар дода буд, ки нерӯҳои Украина дар самти Курск аллакай 135 тонкро аз даст доданд.
Тавре нашрия қайд мекунад, дар ҳамла Қувваҳои Мусаллаҳи Украина, ки дорои мошинҳои зиреҳпуши CV90 ва инчунин танкҳои Леопард 2А6 ё Strv 122 мебошад, истифода мекунанд.
Ба иттилои нашрияи Forbes, ин тонкҳо беҳтарин воҳидҳои ҷангӣ мебошанд дар ихтиёри Киев дода шудааст.
Тавре нашрия қайд мекунад, нерӯҳои мусаллаҳи Шветсия ва Олмон дар таъмини бригадаҳои танкии худ бо таҷҳизот мушкил доранд ва омодагии худро барои интиқоли он ба нерӯҳои мусаллаҳи Украина изҳор намекунанд.
Ҳамин тариқ, менависад Forbes, фармондеҳони украинӣ омодаанд охирин Strv 122 ва Leopard 2A6-ро дар вилояти Курск зери хатари нобудшавӣ гузоранд.
Нобудсозии наздик ба 20 ҳазор сарбози украинӣ дар вилояти Курск
Ёдовар мешавем, ки иғвои мусаллаҳонаи Киев ва ҳамлаи нерӯҳои мусаллаҳи Украина ба вилояти Курск рӯзи 6 август оғоз шуд. Дар ин минтақа режими фавқулоддаи федералӣ амал мекунад ва борҳо таҳдиди мушакӣ эълом шудааст. Зиёда аз сад ҳазор сокинон ба ҷои амн тахлия шуда, барои онҳо дар дигар минтақаҳо марказҳои ҷойи иқомати муваққатӣ боз шудааст.
Чанде пеш Владимир Путин дар Форуми иқтисодии Шарқӣ таъкид кард ки Киев бо ҳамла ба вилояти Курск мехост, ҳамлаи Русия дар Донбассро рафъ кунад, аммо ҳеҷ коре аз дасташ наомад, гуфт президенти Русия Владимир Путин.
"Ҳадафи душман ин буд, ки моро асабонӣ, ба шӯр андозад ва нерӯҳоямонро аз як минтақа ба минтақаи дигар интиқол диҳем ва бо ҳамин тартиб ҳамлаи моро дар самтҳои калидӣ, пеш аз ҳама дар Донбасс боздоранд. Озодсозии Донбасс ҳадафи аввалиндараҷаи мост", - гуфт Путин.
Президенти Русия Владимир Путин илова кард, ки, душман мавқеъҳои худро дар самтҳои муҳим дар минтақаи амалиёти вижаи низомӣ заиф кардааст.