Пешниҳоди Тоҷикистон ба Қатар дар бораи ташкили "Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ"

Ба гуфтаи раисҷумҳури Тоҷикистон таъсиси Фонди муштарак бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба манфиати кор хоҳад буд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 3 окт — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ раҳмон ин масъаларо дар шаҳри Давҳа бо Вазири давлатии оид ба ҳамкории байналмилалии Давлати Қатар, муовини Раиси Фонди Қатар оид ба рушд хонум Луълуъ Ал-Хотир баррасӣ кард.
Дар ин бора Хадамоти матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон хабар додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар вохӯрӣ масоили таҳкими ҳамкории Тоҷикистон бо муассисаи бонуфузи мададрасон баррасӣ гардид.
Дар ин дидор Эмомалӣ Раҳмон Давлати Қатарро яке аз шарикони муҳими тиҷоратию иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон номид ва таъкид кард, ки ҳамкории кишвар ва Фонди Қатар оид ба рушд ба таври назаррас густариш хоҳад ёфт.
Ба иттилои манбъа, ҷонибҳо дар бораи сармоягузории Қатар ба соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ ва дигар бахшҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон табодули андеша намуданд.
“Ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок, таъсиси корхонаҳои истеҳсол ва содироти маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза ва оби мусаффои ошомиданӣ ба Қатар аз мавзуъҳои суҳбат буд”, - қайд кардааст Хадамоти матбуоти раисҷумҳур.
Раҳмон вориди шаҳри Давҳаи Давлати Қатар шуд
Ҳамчунин зимни мулоқот роҳбари кишвар аз иштироки сармоягузорони қатарӣ дар татбиқи лоиҳаҳои таҳкиму тавсеаи зерсохтори сайёҳӣ ва саноати дорусозӣ дар Тоҷикистон истиқбол карда шуд.
“Таъкид гардид, ки таъсиси "Фонди муштараки иқтисодӣ ва сармоягузорӣ" бо мақсади маблағгузории лоиҳаҳои афзалиятноки Тоҷикистон ба манфиати кор хоҳад буд”, - хабар додааст манбаъ.
Қайд карда шудааст, ки тарафҳо ҳамчунин дар бораи дигар самтҳои ҳамкории ояндадор гуфтугӯйи судманд анҷом доданд.